Фармони Каримов барои таҷлили Иди фитр дар рӯзи 18 июл
Мусулмонони Узбакистон имсол Иди фитрро як рӯз баъд аз ҳамсоякишварҳои худ таҷлил хоҳанд кард.
Ба иттилои “УзДейлӣ”, Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон бо судури як фармон Иди фитрро рӯзи 18 июл дар кишвараш эълон кардааст. Инчунин бар асоси ин фармони ҷаноби Каримов санаи 18 июл дар Узбакистон рӯзи истироҳат эълон гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои исломию мусулмоннишин, аз ҷумла Тоҷикистон Иди фитр рӯзи 17 июли соли равон таҷлил мешавад.
Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |