Ёдрас менамоем, шоми 20-уми сентябри соли 2011 бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ раисиҷумҳури пешини Афғонистон, раиси Шўрои Олии Сулҳи ин кишвар Устод Бурҳониддин Раббонӣ дар сини 71-солагӣ ба шаҳодат расид.Ин ҳамлаи ноҷавонмардонаи ашрор дар Кобул, дар манзили истиқомати устод Бурҳониддин Раббонӣ ба вуқӯъ пайваст.
Устод Бурҳонуддини Раббонӣ аз тоҷикони сернуфуз Дар Афғонистон буд, ки соли 1940 дар Файзабоди Бадахшон-шимолу шарқи Афғонистон ба дунё омадааст. Соли 1963 дараҷаи профессори Донишгоҳи Кобулро дар риштаи ҳуқуқи ислом ва фиқҳ ба даст овард. Дар риштаи фалсафаи ислом фориғуттаҳсили Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср буд. Баъди табаддулоти Довудшоҳ дар соли 1973 ба Пешовари Покистон ҳиҷрат намуда, дар набардҳои мусаллаҳонаи ҷанги Афғонистон алайҳи Шўравӣ дар солҳои 1979-1989 саҳми боризе дошт. Ў фармондеҳи як гурўҳи муҷоҳиддини афғон дар ин ҷанг буд, ки шумораи он аз 20 ҳазор бештар буд. Моҳи майи соли 1992 ба Кобул баргашт ва бар асоси Созишномаи Пешовар раёсати ҳукумати мувақатии Афғонистонро ба дўш гирифт. Дар декабри соли 1992 президенти Афғонистон интихоб шуд ва ин масъулиятро то декабри соли 2001, ки аз мақоми президентии Афғонистон истефоъ дод, бар дўш дошт. Аз соли 1996 ба таври расмӣ яке аз пешвоҳои Иттиҳоди Шимол (нерӯҳои муқовиматӣ, ки алайҳи Толибон мубориза мебурданд) буд.Соли 2010 ба симмати раиси Шўрои Олии Сулҳи Афғонистон интихоб шуда буд. Ҳизби ҷамъияти исломии ў аз аҳзоби сернуфузи Афғонистони муосир ба шумор меравад. Устоди зиндаёд аз соли 1972 то дами марг сарварии ин ҳаракати сиёсиро ба зимма дошт.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |