Шокир барои он ки худро Шараф кард, 10 моҳ дар зиндон мемонад
Додгоҳи ноҳияи Калинини вилояти Тюмени Русия як муҳоҷири 38-солаи тоҷикро бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо 10 моҳ равонаи зиндон кардааст.
Додситонии вилояти Тюмен ба расонаҳо гуфтааст, Шариф Пулотов, ки соли 2013 барои нақзи қавоиди буду бош дар Русия аз ҷониби суди ноҳияи Белозерск панҷ сол аз ҳаққи вудуд ба ин кишвар маҳрум шуд, тавассути сохтакории аснод дубора ба Русия омадааст.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳванди Тоҷикистон аслан Шокир Исматуллоев ном дошта, баъди депорт шудан бо ному насаби Шариф Пулотов 28 октябри соли 2014 ба Русия меояд. Баъди он ки пулис барои вайрон кардани қонунҳои будубош дар ин кишвар ӯро мавриди тафтиш қарор медиҳад, сохтакорӣ дар ҳуҷҷатҳояш ошкор мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |