Э. Раҳмон тавофуқи Эрон бо кишварҳои 5+1-ро ба Руҳонӣ табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли як нома тавофуқи Эрон бо кишварҳои 5+1-ро ба Ҳасан Руҳонӣ, ҳамтои эрониаш табрик гуфтааст.
Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст, "Ҷаноби Олӣ, бо камоли хушнудӣ ва масаррати фаровон хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи “5+1”-ро дар масоили барномаи ҳастаии Шумо дарёфт намудам”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ин тавофуқро пирӯзии афкори созанда зафари ақлу заковат ва тафаккури инсонӣ хонда, таъкид кардааст: “Он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад”.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози табрику таҳният ба Руҳонӣ ва мардуми Эрон бо амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзу кардааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ бо пахши изҳороте тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ хонда, онро ба ҷонибҳо табрик гуфт.
Дар изҳорот вазорат, аз ҷумла омадааст, “Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ мекунад”.
Дар идома гуфта шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали музокироти ҳастаии Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ хушбин буду бовар дошт, “мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст”.
Масъулини вазорат дар ахир ибрози умедворӣ кардаанд, ки тасмимҳои гирифташуда дар пайи музокироти рӯзи 14 июл дар Вена ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |