Дар аёлоти Калифорнияи Амрико ҳадди аққал 8 нафар кушта ва чанд тани дигар захм бардоштаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, дар яке аз ороишгоҳҳои мӯй дар шаҳраки Сил Бичи ин штат, ки дар 40-километрии ҷануби Лос Анҷелис ба вуқӯъ пайвастааст, чанд нафар ҷон бохтаанд. Полис мегӯяд, шаш нафар дар ҷои ҳодиса кушта шуда, ду тани дигар аз захмҳои сангин дар бемористон ҷон доданд ва вазъи як захмии дигар ваҳим аст. Зимнан, изҳороти мақомоти интизомӣ ҳам пахш гардидааст, ки дар робита ба ин қазия марди мусаллаҳ боздошт шудааст. Ангезаҳои тирандозӣ ҳанӯз маълум нашудаанд, вале эҳтимол меравад, муҷрим бо касе дар ин ороишгоҳ хусумат доштааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр