Бахшҳо
14 июл 2015 16:01Тоҷикистон / Тема дня

Нишасти гумрук: Аз хонасозиҳои Р. Эмомалӣ то 3 баробар кам шудани воридоти мошин

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, кори ҳамтои пешинаш-Рустами Эмомалиро дар самти хонасозӣ барои кормандони ниҳоди зертобеяш идома хоҳад дод.

А.Ғоиб имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан тарҳи сохтмони ду бинои истиқоматиро барои кормандон рӯи даст дорад, аммо ба далели мушкили молӣ муҳлати сохтмони онҳо ба таъхир андохта шудааст.

Суҳбати сардори Хадамоти гумрук аз мушкили молӣ дар ҳолест, ки ниҳоди зертобеяш дар нимсолаи аввали соли равон аз уҳдаи иҷрои нақша набаромадааст: “Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2015 ба буҷаи давлат 1 миллиарду 646,5 миллион сомонӣ ворид намудааст, ки 81,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад”.

Ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб дар умум нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон ба маблағи 526,5 милион доллар ё 25,1 фоиз кам ва содирот ба маблаги 36,7 млн доллар е 7,9 фоиз кам шудааст.

Аз ҷумла воридоти мошинҳои сабукрав ба кишвар қариб се баробар-15 ҳазору 100 адад кам шудааст: “Нимсолаи авваи соли гузашта ба кишвар 21 ҳазору 800 адад мошини сабукрав ворид шудааст, ки ин нишондод дар шаш моҳи аввали соли равон ба 6,7 ҳазор адад баробар шудааст”.

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук дар шашмоҳаи аввал инчунин воридоти маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор тонна, чӯбу тахта дар ҳаҷми 101 хазор метри мукааб ё 12,9 милион доллар, семент ба миқдори 227,8 тонна ё 23,6 милион доллар кам гардидааст.

Сардори Хадамоти гумрук сабаби кам шудани тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва иҷро нагардидани нақшаро ба таъсири таҳримҳои Русия, ноустувории қурби пули миллӣ нисбат ба дигар асъори хориҷӣ марбут донист.
Мӯҳр
Мухточир
Сабабаш Вазири Корхои Хоричи аст,ки дар курси шишта аз хисоби буча маъоши калон..ва гайра мегирад.Кани бехбуди мисол барои мухочир,дар Якутия патент барои 1мох 10000х рубл шудааст.Ягон дафъа вазирро надидем,ки барои бехбудии мухочир гапзада бошад.Озодагон чоп кун?

ццц
Аз ин маълум мегардад, ки иктисодиети набудаи шумо ба иктисодиети ФР вобастаги доштааст. 2+1=1. Агар иштибох карда бошам бахшиш.

сарбон
Каме дигар гумруки молхоро боло баред дигар чизе намеояд тчк шумо гумрукиро поён кунед хачми бор зиёд мешад воридоташ автомати дигар на нола мекунеду на оху вох

Фаттох Гоиб агар хохед ки воридоти мошини сабукрав зиёд шавад,нархи гумрукиро ба чои баланд кардан паст кунед . Хозир нархномахои гумрукии ки мо дорем бовар кунед хандаовар аст. Хайрият ки давлати мо акалан чархи велик истехсол намекунад набошад нархи гумрукии як мошини сабукрав баробари самолёт мешуд.... Умуман аз тарафи кадом "босавод" ин нархо монда шудаанд дигар чои гап нест...
Масалаи дигар ин ки мардуми точир аз хамин нарх ивазкунихои шумо БЕЗООР шудаги!!!! Барои чи вакте ки нархи гумрукиро баланд мекунед пешаки ба точирон хабар намедихед???? Точири бечора ба сад азобу машакат борро меорад бад малум мешавад ки ду руз пеш бо фармони раис нарнома баланд шудаги....

А.Гоиб, то нарххои гумрукиро ба танзим надарори воридот аз ин хам паст шудан мегирад, агар нархро боз баланд шаванд воридот 70-80% кам мешавад.

ободихох
Дар дигар палхлуи масъала розиям вале бо ин ки аз баланд бардоштани хакки гумрук аз мошинхои сабукрави ба точикистон воридшаванда зиёд гардидааст бе нихоят ва аз самими калб шоду сарфарозам. Медонам ин суханони ман ба савдогарони мошинхои сабукрав сахт мерасад, веле аз зиёёдии мошин дар кучахои шахр, ба чои саривакт ба кор расидан, дар тамбахо монда ним соат як соат аз кор дер мемони. Хохиш мекардам аз раёсати хадамоти гумрук, ки гумрукпулиро аз мошинхои хоричии сабукрав ду баробари дигар афзун намояд то садамахои автомобилию маргу холатхои фавкулода камтар шавад. Аз зиёдии мошинхои сабукрав танхо хамон савдогарони мошинхои сабукрав ва он 100 хазор нафар вазифадору сарватманд истифодамекунаду халоват мебарад, боки 8 миллиони ахоли ранч мебинад

ободихох,
гапои заказной х трби сухтаги?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)