Ифтитоҳи парванда барои қатли майори 35-сола дар Шаҳристон
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи куштори афсари 35-солаи милиса дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бо моддаи 104-куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тавре манбаи “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ дод, ҳодисаи куштор рӯзи 13-уми июл дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон сурат гирифтааст: “Кушташуда майори 35-солаи шуъбаи умури дохилии шаҳри Истаравшан мебошад, ки аз зарби корд ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, ки феълан барои таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса гуруҳҳои корӣ фаъолият доранд ва тафсилоти бештар баъдан пешкаш хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |