Бахшҳо

Сардори амнияти Бадахшон: Ифротгароӣ натиҷаи нуфузи “нимчамуллоҳост”

Нусратулло Мирзоев, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сабаби пайдоиш ва афзоиши ифротгароию амалҳои номатлубро ба боло рафтани нақши “нимчамулоҳо” дар ҷомеа марбут донист.

Мирзоев рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки “агар 20 соли пеш мардум барои маслиҳатгирӣ пеши омӯзгор мерафт, ҳоло пеши нимчамулоҳо ё руҳониёне мераванд, ки дар кишварҳои арабӣ таҳсил карда, дониши хуби динӣ ҳам надоранд”.

Ӯ дар ин конфронс аз поин рафтани нақши омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгароию амалҳои номатлуб бояд дубора нақши омӯзгорро ба ҷояш баргардонд: “Имрӯз қариб дигар сухани омӯзгор қадр надораду насиҳати падару модар ва пиронсолон беарзиш гаштааст”.

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон вазъи озодии баён ва пайравӣ аз динро дар кишвар озод хонда, ба сифати далел фаъолияти беш аз чаҳор ҳазор масҷид дар Тоҷикистонро мисол овардааст. Ӯ афзудааст, ки агар аз соли 1943 то соли 1988, дар зарфи 45 сол дар Тоҷиистон ҳамаги 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиду 15 калисо фаъолият мекард, имрӯз шумори иттиҳодияҳои динию масҷидҳои кишвар ба 4 ҳазору 12 адад расидааст, ки нисбат ба теъдоди мактабҳои миёна дар қаламрави ҷумҳурӣ 176 адад зиёд аст: “Албатта, худи ин нишондод аз озодии виҷдону пайравии дин дарак медиҳад”.

Мирзоев дар идома ба гаравиши ҷавонони тоҷик ба саффи гуруҳҳои ифротӣ дахл карда, таъкид кардааст, ки то ҳол ҳеч нафаре аз ин минтақа ба ҷангҳои Сурияву Ироқ нарафтааст.
Мӯҳр
Ватандор
Мирзоев рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки “агар 20 соли пеш мардум барои маслиҳатгирӣ пеши омӯзгор мерафт, ҳоло пеши нимчамулоҳо ё руҳониёне мераванд, ки дар кишварҳои арабӣ таҳсил карда, дониши хуби динӣ ҳам надоранд”.

Ӯ дар ин конфронс аз поин рафтани нақши омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгароию амалҳои номатлуб бояд дубора нақши омӯзгорро ба ҷояш баргардонд: “Имрӯз қариб дигар сухани омӯзгор қадр надораду насиҳати падару модар ва пиронсолон беарзиш гаштааст”....ЧАРО НАМЕГАД КИ САБАБИ БЕАРЗИШ ШУДАНИ МУАЛЛИМ ЧИСТ? ЧАРО ФАКАТ НИМЧАМУЛЛООРА МЕБИНАНУ БЕСАВОДИИ МУАЛЛИМОРА НЕ?

Ӯ афзудааст, ки агар аз соли 1943 то соли 1988, дар зарфи 45 сол дар Тоҷиистон ҳамаги 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиду 15 калисо фаъолият мекард, имрӯз шумори иттиҳодияҳои динию масҷидҳои кишвар ба 4 ҳазору 12 адад расидааст, ки нисбат ба теъдоди мактабҳои миёна дар қаламрави ҷумҳурӣ 176 адад зиёд аст: “Албатта, худи ин нишондод аз озодии виҷдону пайравии дин дарак медиҳад”. ,,,,НАШАРМИДА МЕГУЯД КИ17 масҷиду 15 калисо.....

нимчамулло
Ҷаноби раис, ин нимчамуллохое ки шумо мегуед иттифокан дониши кофии дини доранд ва домуллоҳои босаводи шумо бо онхо ракобат карда наметавонанд, аммо дониши онхо бо идеологияи сауди омехта шудаву ба мазҳаби мо рост намегирад. Бояд нимчамуллохои худро тарбия кунед ки саводи кофи гиранд то нимчамуллохо нуфуз накунанд

иттифокан соли 1992 масчидҳои тоҷикистон 4 ҳазор буд ва то соли 2015 боз чор ҳазор монд. инашро чи мегуед? дар ҳоле ки соли 1992 аҳолии тоҷикистон 5 миллион буд ва ҳоло аҳолии тоҷикистон 9 миллион аст...аммо масчидҳо кам кам баста мешаванд...

Фируз
Барои кишваре, ки истиқлолияти худро дорад ва зиёда аз 95% халқаш мусулмонро ташкил медиҳад айб аст ин суханон. Дар давраи солҳои 1943-1988 мо истиқлолияти худро надоштем ва зери дасти комунистҳо ва ҳукумати кофар қарор доштем дар он давра масҷид як тараф истад ҳаққи намоз хонданро надоштем. Имрӯз Худоро шукр ҳам истиқлолияти худро дорем ва ҳам аз Раиси ҷумҳур то кучактарин шаҳрванди кишвар мусулмон ҳаст. Тоҷикистон зиёда аз 8 млн. аҳолӣ дорад агар 95%-ашро гирем 7,6 млн мешавад агар дар ҳар як масҷид аз 100 нафар то 500 нафар ҷой гирад миёнгин 250-нафар барои як масҷид рост меояд. Ҳар як мусулмон бояд намоз хонад агар 50%-и кишвар кудакони хурд ва бенамозон бошанд, намозхонон бошад 3,8 млн нафарро ташкил мекунад, ки ба 250-нафари тақсим кунем тақрибан 15 ҳазору 200 масҷид рост меояд. Худовандо ҳамаи моро ҳидоят кун.

то ҳол ҳеч нафаре аз Бадахшони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ нарафтааст - офарин!!!

Билол
Ачаб Назаре . боз хамон чанголхои бе рахмона ва бе окилонаи Баъзе доирахое ро мебинем ки ба домани Исломи поку азиз ва Мулло хо ва Донишмандон ва Ворисони Ислом мезананд . Рохи начот ро ки наётанд хамин кадар хунари сиёх кардану тухмат кардани якдигар ро медоднанду бас . Назар хо ро мисли ин ки ба Душмани ашади меандозанд Гофил аз он ки Хамватанад ...

Андарз аз Шугнон
Сад дар сад ба гуфтахои Нусратулло Мирзоев мувофикам. Вокеан хам нуфузи хасакии баъзе мазхабиёни мо насли наврасро гумрох кардааст. Хатто метавон гуфт, ки дар ин чо на факат насли наврас, балки тамоми аклу хуши кишри осебпазири чомаро, ки сати донишу фахмиши заруриро надоранд, фаро гирифтааст. Аз ин чихат агар аз як чониб иллати ба ифротгарои гаравидани чавонон хакикатан хам нуфузу афсуни нимчамуллохо бошад, аз чониби дигар сатхи пасти чахонбинии диниву дунявии ахли чомеаи мо мебошад. Баргузории чунин конфронсхоро мо чонибдори мекунем ва хохони онам, ки чунин чорабинихо бештар баргузор шаванд ва тавассути рсонахои хабари ба мардум иллатхои ифротгарои фахмонда шавад. Аар охир аз ахли чомеа, ахли зиё мехостам,ки бахри тарбияи насли нврас ва огохсози чомеа сахми худро мегузоштанд ва онхоро аз вокеияти дину имон огох месохтанд то фирефтаи нимчамуллову хоинони ислом нагарданд

Вокеан хам чоийи ягон шаку шубха нест. Мо хама зодагони даврони шурави хастем ва имруз аз истиклолияту озодии ватанамон шукрона мекунем. Лекин як чиз чомеаи моро ба ташвиш овардааст, ки ин хам бошад ифротгарои, экстрмезиму терроризм мебошад. бадбахтона миёни баъзе мазхабиёни мо афроде сари минбару масчид омаданд, ки аз дину диёнат и ачдоди суйистифода намуда, чомеаро гумрох сохтаанд. Аз ин ру аз ахли дин мехостам, ки барои аз гумрохи рахонидани чомеа ва шинохти асли дин аз инсоф кор бигиранд. Нагузоранд, ки эшон фирефтаи таълимоти дур аз ислом гарданд, ки фардо худову бандааш ха м касро нахохад бахшид.

Макомоти амнияти милли бехуда якчиро намегуяд. Фахмида нафахмида харчиро шарх надихед. Мо всеравно табармусулмонем. Нимчамуллохо факат барои нафси худ кор мекунанд. Бовар накунед як ба маъракахо иштирок карда ба кирдору рафторхои муллохо аз хама чихат, хурдан, сухан кардан, одоби муошират диккат дихед. Чомеаро хамин нимчамуллохо ба кафо мекашанд.

Агар мардум ба муаллим бисёртар мурочиат кунаду харчиро пурсад, муаллим мачбур мешавад, ки бисёртар хонад. Аммо ба нимчамуллохо мурочиат кунад, муаллим бесавод мондан мегирад. Нимчамуллохо бояд шумораашон кам карда шавад.

Анушервон
Андешаи ман ин аст, ки бояд ахли мазхаби мо дар фикру шуури худ як инкилоб ворид кунанд. Барои шинохти исломи асил чахд кунанд. Агар ислом барояшон хакикатан хам азиз бошаду худро ворис ва амонатдори дини мубораки ислом хисобанд. хатман аз хурофоту манфиатчуи бо истифодаи номи ислом даст кашанд. Барои расидан ба ин хадаф ба гуфтаи бузургворе "Бибояд инкилобе боз дар мазмуни умри мо"

Чаноби Мирзоев дуруст кайд намудаанд. Дар Точикистон бояд теъдоди мактабхо аз теъоди масочид ба маротиб зиёдюошад.

афанди
Масчидро бо мактаб мукоиса накунед, шумораи талабагону намозхоноро хам гуед,илтимос ака,маьлумотро гуед.

ismoil
Огои Мирзоев хести ки хоби! То дируз нисбати пайвастани чавонони бадахшони ба ИГИЛ гапхо дигар буд ку.

Душанбе
Муҳтарам: Мирзоев дар Точикистон бояд теъдоди мактабхо аз теъоди масочид ба маротиб зиёд бошад ҳам дар мактабҳо дар нест ҳама ҳисоботҳои бардуруғ аст. Макомоти амнияти фахмида нафахмида харчиро набояд шарҳ дихед. Як бор ҳамин мақомотҳо ҳамон нимчамуллохоро танқид намудед оқибат дидед . Бояд ба кирдору рафторхои муллохо аз ҳама ҷиҳати, хӯрдан, сухан кардан, одоби муошират зан гирифтан ба онҳо пайрави кардан нашояд онҳо ҳамон қадар мефаҳманд.

Абдулло
1) Дар як масҷид аз 50 то 500 нафар ҷой мегирад дар мактаб аз 500 то 5000 хонанда яъне теъдоди нафарони як мактаб 10-маротиба зиёдтаранд.
2) Дар мактаб аз 7-сола то 17-сола таҳсил мекунад ҳамаги 11-сол вале дар масҷид аз 12-сола то марг зиёда аз 70 сол ин ҳам тақрибан 7-маротиба зиёд аст.
Аз ин омори воқеи хулоса мебарорем, ки масҷидҳо бояд 70-маротиба зиёдтар бошанд.
Аз ёд набароред, ки масҷид ҳам ҷои тарбия ҳаст оё дар кадом масҷид мегуянд, ки дуздӣ кун ё ҳаққи мардумро хур. Як мисоли воқеи:
Дар баромадгоҳи масҷид агар нохост як ҷавон бо китф ё пой зарба хурад дарав узрпурсӣ карда ҳамдигарро мебахшанд, аммо дар мактаб ин ҳодиса рух диҳад бо ҷангу дашному гапҳои қабеҳ хотима меёбад пас дар кадомаш тарбия бисёртар аст худ қазоват кунед?
МАСҶИД ҲАМ ҶОИ ТАРБИЯ ҲАСТ!!!!!!!!!!!!

Исфандиёр
Аввалан аз Дима ва Афанди бахшиш мепурсам, ки шуморо нодуруст ном набурда бошам. Зеро бовар намекунам,ки модари точик, хоса мусулмон барои фарзандаш чунин ном гузошта бошад. Бо вучуд ин мехостам, бевосита сари масъала оем, бародарои гироми Дима ва Афанди!
Ман каментарияхои хардуи шумора хонадаму ба андеша рафтам ва ба гуфтахои шумо рози буда наметавонам ва шояд дигарон хам ин фикрро кабул надошта бошанд дар хусуси сафи намозхонхову масчидхо.Зеро мантики одди хам ин чизро инкор мекунад. Охир хамаи мо дар асри 21 карор дорем. Асре, ки хамаруза исонхо ба коинот парвоз мекунанд, ихтирооту пешрафтхои нодире содир мекунанд,хамаруза дар илму техника садхо мучизахои нав ба навро кашф карда истодаанд. Ин хама, бешубха аз пешрафти илм, аз натичаи ахамият додан ба мактабу маориф мебошад. Дар фикри мову шумо бошад холо хам гами масчиду мадраса. Охир кишвархои гарб чаро бе масчиду мадраса ин кадар пеш рафтанд, мо бошад бо он хама шумораи зиёди масчиду мадрасахо ва фарханги чандинасраи исломи то хануз дар зери акидахои асримиёнги карор дорем.Агар нодуруст бошад пас сабаби акибмонии мардуми мусулмони мо дар чист? Чаро дигарон ба суйи ободиву пешрафт кадам мезананду мусулмонони мо бошанд, ба ин хама зиёдии масчиду мехробхо ба куштору хунрези ва кофирчуи машгуланд?....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)