Муовини вазир дар ифротгароии ҷавонон ҷанги шаҳрвандиро “гунаҳкор” донист
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон нооромии солҳои 90-уми кишварро заминаи пайдоиши ифротгароӣ миёни ҷавонон дониста, муҳоҷирати меҳнатиро низ яке аз омилҳои гароиши шаҳрвандон ба сафи ҳаракатҳои террористӣ хонд.
Оқои Аламшоҳзода рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ гуфт, яке аз заминаҳои пайдоиш ва шомилшавии бархе аз шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз муковиматҳои шҳхрвандӣ ва давраи бесарусомонии солҳои 90-ум сарчашма мегирад.
Ба гуфтаи муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи ин ҳаводис шумори зиёди ҷавонону наврасони ноболиғи тоҷик барои гирифтани таълимоти динӣ ба таври ғайрирасмӣ озими кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрону Покистон, Ироқ, Миср ва Афғонистон шуда, “аз уламои динии ифротгарои исломии ин кишварҳо таълимот гирифта, бо адабиётҳои динӣ ва ҷараёнҳои бегона ошноӣ пайдо кардаанд ва қисми зиёди ин ҷавонон барои паҳн кардани ақмдаҳои тундрав аз ҷониби гуруҳҳои ифротгароии ин мамлакатҳо ба сифати тахрибкор ҷалб шуданд”.
Аламшоҳзода таъкид кардааст, вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вақтҳои ахир ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият, иқтидор ва аъзоёни худ, аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда истодаанд: “Махсусан, таҳлилҳои омории ахир нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ба доми фиреби чалбкунандагони гуруҳҳои ифротӣ дар қаламрави Русия афтида, бо ҳар роҳ ба давлатҳои Сурия ва Ироқ мераванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |