Сардори Хадамот: Ахлотро оварда, ҳасибу катлету шашлик мепазанд (ВИДЕО)
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ аз бевиҷдонии бархе соҳибкорони тоҷик интиқод намуд, ки барои истеъмоли мардум маводи заҳролуду ҳар гуна “ахлот”-ро ворид мекунанд.
Сардори Хадамоти гумрук гуфт, ахиран як соҳибкори инфиродиеро боздошт кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳо глюкоза гуфта, амалан аз Эрон пусти мурғро ворид мекардааст: “Вақте борро кушоданд, 23 тонна пӯсти мурғро дарёфт карданд, ки аз он оби заҳр мечакид. Ин маҳсулот дар он кишварҳо истеъмол намешавад, он ҳамчун ахлот меравад. Аммо бархе соҳибкорони мо онро ворид карда, аз он ҳасиб, як намуди ғизо-киевски катлет ва инчунин “куриний шашлик” мепазанду ба мардум пешниҳод мекунанд”.
Абдуфаттоҳи Ғоиб инчунин “рейд”-и ахири ниҳодашро дар кишвар зикр карда, афзуд, ки бисёри бозичаҳои кӯдакона ба кишвар ғайриқонунӣ ворид мешаванд ва барои ҷилавгирӣ аз ин раванд имконоти ниҳоди зертобеяшро нокифоя хонд. Ӯ аз мардуми кишвар ва намояндагони ВАО даъват кард, ки дар мубориза бо чунин қонуншиканиҳо фаъол бошанд.
Айни видео дар
bambuser
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |