Кумитаи ҳифзи муҳити зист: Тошканд ҳаҷми зарари корхонаҳояш ба Тоҷикистонро қабул надорад
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, давлати Узбакистон маълумоти онҳо дар мавриди ҳаҷми зарари корхонаҳои саноатиаш ба навоҳии наздимарзиро қабул накардааст.
Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз, 14 июл дар нишасти хабарии созмонёфтае дар шаҳри Душанбе гуфт, онҳо тамоми зарари расида аз корхонаҳои Узбакистон ба навоҳии наздимарзии Тоҷикистонро ҳисоб намуда, ба Тошканд ироа кардаанд, аммо кишвари ҳамсоя ин рақамҳоро кабул накардааст. Оқои Назаров афзуд, “чунин корхонаҳо дар наздикии ноҳияҳои Спитамену Масчоҳ зиёд ҳастанд”.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист меафзояд, ҷониби Узбакистон низ категорияи зарари ширкати алюминиуми “ТалКО”-ро ба онҳо пешниҳод кард, ки қобили қабул нест. Ӯ гуфт, “ТалКО” ба андозае, ки Тошканд иддао мекунад, зиёновар нест: “Ҳоло бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон як комиссияи байнидавлатӣ таъсис меёбад, ки ба баррасии ин масъала машғул мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |