14 июл 2015 10:27---
Ваъдаи қабули донишҷӯёни бештари тоҷик ба донишгоҳи мазоҳиби исломии Эрон
Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон Оятуллоҳ Муҳсин Ароқӣ, дабири Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломиро ба конфаронси мубориза бо ифротгароӣ, ки қарор аст ояндаи наздик дар Душанбе баргузор шавад, даъват кардааст.
Ин даъват дар мулоқоти Эмомзода бо Муҳсин Ароқӣ садо додааст. Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, сафири Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки Эрон меҳвари муқобила бо терроризм дар минтақа аст, афзуда, “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора барои муқобила бо терроризм пешқадам ва пешгом будааст”.
Дипломати тоҷик дар идомаи гуфтугӯ бо Оятуллоҳ Муҳсин Ароқӣ, хостори ҳамкориҳои бештар бо Эрон ба вижа дар заминаи омӯзиши динии донишҷӯёни тоҷик шудааст. Дабири Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар навбати худ таъкид кардааст, кишварҳои исломӣ бояд як конфронси доимии сулҳ ташкил диҳанд, то ин конфаронс барои барқарории сулҳ, эҷоди ваҳдат ва фурӯ нишондани танишҳо дар миёни кишварҳои исломӣ талош кунад. Ин мақоми эронӣ гуфтааст, пазириши донишҷӯёни Тоҷикистонро ба донишгоҳи мазоҳиби исломии вобаста ба Маҷмааи ҷаҳонии тақриб афзоиш медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |