(САДО) Додситони Суғд: Худкушӣ миёни мардон зиёд шудааст

Ҳабибулло Воҳидов, додситони навтаъини вилояти Суғд аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ миёни мардон дар минтақа хабар дод.
Ӯ, ки дар нишасти хабарии прокуратураи вилоят рӯзи душанбеи 13 июл сухбат мекард, гуфт, дар шаш моҳи аввали соли равон дар қаламрави вилоят 136 нафар худкушӣ кардаанд, ки 55 нафарашро занҳо ва 81 каси дигарро мардон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Воҳидов, дар ҳамин давраи соли 2014 низ 136 ҳолати ба ҷони худ қасд кардани сокинони шимоли кишвар ба қайд расида буд, аз ҷумла 69 зан ва 67 мард: “Ин рақам баробар ҳам бошад, кам ҳам бошад, боиси ташвиш аст. Ин масъала аз ҷониби мақомоти прокуратура доимо пайгириӣ мешавад. Чун вақте давоми 5 соли ахирро таҳлил намудам, ҳамин вазъи худкушӣ дар Суғд тағйир наёфтааст ва мо боз ҷустуҷӯ дорем, ки пеши ин роҳро бигирем”.
Додситони вилояти Суғд меафзояд, дар робита ба 7 ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ва тафтиши он идома дорад.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони аз даст ба худкушӣ задани ноболиғон низ ёдовар шуда, гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон 16 ноболиғ даст ба худкушӣ задааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳолат кам аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |