«Системаи Мадрид оиди бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ». Таҳти чунин унвон дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамойиши вижаи миллӣ дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии молиякияти зеҳнӣ баргузор гардид.
Нуралӣ Шоқурбонов, сухангӯи вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар ин нишаст масоили хусусиятҳои асосии Системаи Мадрид ва тағйироти охирини он, таҷрибаи истифодабарии ситемаи мазкур дар Тоҷикистон, маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонӣ дар доираи ин низом, бартарият ва афзалияти он баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин нишаст, дар қатори масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна ширкат намуданд. Гуфтанист, нишасти мазкур баъд аз зӯҳри имрӯз ба анҷом мерасад.{jathumbnail off}
Мӯҳр