Бахшҳо
14 июл 2015 09:10Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Шодӣ Шабдолов: Вақте дар парлумон масъалаи қарзро мебардоштам, ба олигархҳо намефорид

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Лю Тао, ноиби президенти шӯъбаи Шинҷонии Бонки давлатии рушди Чин ҷудо намудани 500 миллион доллари амрикоӣ қарзро барои Тоҷикистон баррасӣ намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ Нурмаҳмадзода дар ин мулоқот, ки якуми июл сурат гирифт, изҳор доштааст, барои дастгирии тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва соҳибкории хурду миёна иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар айни замон ба ҷалби тақрибан 500 миллион доллар қарзи дарозмуддати имтиёзнок ниёз дорад. Лю Тао дар посух изҳор дошта, тамоми имкониятҳо барои ироаи 500 миллион доллар қарз ба Тоҷикистон вуҷуд доранд. Дар пасманзари он ки Тоҷикистон аз ин пеш ҳам аз Чин қарзҳои ҳангуфте гирифтаву ҳоло пардохт накардааст, “Озодагон” аз коршиносон ва соҳибназарони тоҷик пурсид: БОЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ҚАРЗ ПУРСИДАНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЧИН ШУМОРО БА ҲАРОС НАМЕОРАД?

Шодӣ ШАБДОЛОВ, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Қарзҳои Тоҷикистон ду шакланд. Ҳукумат бояд атрофи он таҳлил гузаронаду андеша кунад, ки ояндаи мо чӣ мешавад. Намуди аввал, қарзи расмии давлатӣ аст. Аз бисёр давлатҳо, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонию Бонки осиёи рушд ва бонкҳои давлатҳои арабӣ ва Чину Русия қарзҳо зиёд шудаанд. Бар иловаи ин, боз қарзи корхонаҳое ҳастанд, ки бо кафолати давлат гирифта шудаанд. Агар онҳо муфлис шаванд, давлат вазифадор аст, онҳоро аз ҳисоби буҷа пардозад. Қарзҳои гирифтаи давлат пинҳонӣ несту ҳар сол дар ин бора гузориш медиҳанд. Аммо қарзҳои дигаре, ки барои пардохти онҳо давлат кафил шудаасту онҳоро қарзҳои корпоративӣ мегӯянд, пинҳонанду касе онҳоро чоп накардааст ва дар сурати муфлисшавии корхона давлат пардохт мекунад, чун муҳри кафилияш дар онҳо ҳаст. Ин ду намуди қарз дар умум гирем, қарзҳои миллӣ мешаванд. Ин қарзи миллӣ Амрикоро ба хотири чанд маротиба зиёд буданаш аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар ба зону нишонд. Амрико давлати қудратманд аст, ҳар ҷо ҷанг меандозаду бо истифодаи неруҳои ҳавоию баҳрӣ баъзе аз давлатҳоро дефолт карда, қарзи худро аз эътибор соқит мекунад. Мо дар оянда чӣ кор мекунем? Ин масъала маро бисёр нигарон кардааст, бахусус дар ҳамин фазои Юнон. Бубинед, ин давлатро ба зону шинониданд. Дар ҳоле ки таҷрибаи демократии чандинсола дошту мо танҳо 25 сол дорем. Бояд андеша кунем. Ман ба таври расмӣ бидуни ғараз, бо дили соф муроҷиат мекунаму дар мақолаҳои худ менависам, ки давлат бояд дар мавриди тамоми ниҳодҳои худ андеша кунад, ки ин қарзҳо чӣ гуна қарзанд ва аз ҷониби кӣ пардохт мешаванд? Давлат бояд қарзҳои гирифташуда аз ҷониби шахсони алоҳидаву корхонаҳои ғайридавлатиро назорат кунаду водор созад, то пардохт шаванд. То болои сари мо бор нашавад, чун фардо ӯ мегурезаду қарз дар гардани давлат мемонад. Давлат кӣ ҳаст? Давлат - халқ! Халқ кӣ аст? Халқ –андозсупоранда! Андозсупоранда кӣ аст? Андозсупоранда- қисми даромади буҷа! Аз ин рӯ, ин ҳамаро давлат бояд андеша кунад. Вақте ман дар парлумон будам, ин масъаларо доимо мебардоштам, аммо баъзеҳоро намефорид, аз ҷумла олигархҳоро. Ҳоло мо дар онҷо нестему имконияти аз минбари парлумон садо баланд карданро ҳизби мо надорад. Вале ин Ватан Ватани мо низ ҳаст, дили ҳама месӯзад, ки ояндаи мо чӣ мешаваду фарзандон ва набераҳои мо дар кадом фазо зиндагӣ мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, иқтисодшинос

Ин қарзгирӣ моро нигарон мекунад. Ҳар қадар, ки қарзи мо аз Чин зиёд шавад, ҳамон андоза вобастагии моро ба он зиёд мекунад. Аз ин рӯ, бояд бисёр эҳтиёткорона дар ин маврид иқдом гирифт. Дар шароити ин ки мо ба ҷои қарзи Чинро баргардонем, ба ҷайби баъзе аз корхонаҳо медиҳему онҳо ин пулҳоро бурда дар минтақаҳои гуногун пинҳон мекунанд. Барои мисол мо метавонистем, дар муҳлати панҷ сол даромади ба миён омада аз ҳисоби ҳамин роҳи пулакиро ба Чин супорему аз қарз халос шавем. Ин 2 зарби 2 аст, инро ҳама медонад ва мо бояд аввал қарзи Чинро баргардонему баъд дар фикри қарзгирӣ шавем.

Нуралӣ ДАВЛАТ, таҳлилгар

Қарзгириҳои Тоҷикистон маро 6-7 сол пеш нигарон карда буд, ҳанӯз солҳои 2008-2009. Дар ин маврид чандин мақола ҳам навишта будам. Таҷрибаи қарздиҳии Чин дар кишварҳои Амрикои лотинӣ ва Африқо бояд моро ҷиддан ҳушдор медод, аммо чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон инро сарфи назар мекунанд. Кишварҳои зиёди Амрикои лотинӣ ва Африқо амалан ба мустамликаҳои Чин табдил шудаанд, чун қарзҳои зиёдро гирифтанд, аммо натавонистанд, он қарзҳоро пардохт кунанд.

Алӣ МАСТОВ, коршинос

Не, албатта. Барои чӣ маро бояд нигарон кунад? Ин амал боиси нигаронӣ ҳаст ё на, чандон муҳим нест, зеро ки мо-яъне мардуми одӣ имконияти гузаронидани фикри худро барои тарафдорӣ ё қабул накардани чунин иқдомҳоро надорем. Касе дар ин масълаҳо раъйи мардумро намепурсад, ки мувофиқанд ё на ва агар мувофиқанд ин маблағро барои иҷрои кадом нақшаҳо бояд гирифт ва онро ба кадом шева бояд сарф кард? Ин масъалаҳо бидуни иштироки мардум баррасӣ мешаванд.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ

Чунин қарор нест. Ман хабар надорам аз чунин қарор. Чин тайёр аст, ки қарз диҳад. Ҳукумат вазъиятро меомӯзад, ки фоидааш то куҷо асту зарараш то куҷо. Барои чӣ ин пулро бояд гирем? Кадом лоиҳаи таъҷилӣ дорем ва ғайра. Дар мавриди он 500 миллион доллар қарзе, ки дар мулоқоти ахири раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Лю Тао, ноиби президенти шӯъбаи Шинҷонии Бонки давлатии рушди Чин баррасӣ шуд, гуфтаниам, ки он ҳоло хоҳиши Бонки миллӣ асту онро бояд ҳукумат ва парлумони кишвар баррасӣ кунанд.

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОЗОДА, коршинос

Қарз гирифтан аз созмонҳои молӣ ва кишвари қудратманде ҷойи айбе надорад, бахусус барои кишваре мисли Тоҷикистон. Аммо фикр мекунам, тартибу миқдори қарз гирифтанҳо бояд тибқи дурнамову истеҳсоли мол ва раванди боло рафтани табии буҷаи давлат сурат бигирад. Вақте ин гуна корҳо ва раванд шаффоф нестанду як инсони одӣ ҳам харидории мол ва ашёи рӯзгорро танҳо дар молу ашёи хориҷӣ, махсусан чинӣ мебинад, пас раванди афзоиши қарз ҳатман нигаронкунанда мебошад. Бубинед, чунин як таҷрибаи қарзгирӣ барои Тоҷикистон бе захираи молию имконоти маҳдуд хеле ташвишовар аст. Бахусус, аз кишваре мисли Чин бо чунин миқдор. Давлате, ки барои харидани кишвари Юнон бо тамоми қарзҳояш омода аст. Оё Тоҷикистон бо ин “ҳамкориҳо”-и густурдаи молию қарзие, ки бо Чин дорад, кафолати ҳифзи кишвардорӣ дар ҳолатҳои ногувор чӣ шуда метавонад? Дар ҳоле ки феълан қарзи давлат болотар аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст ва беш аз пеш Чин дорад дар ин самт ҷою мақоми нигаронкунандае касб карда, шаҳрвандони худро бо ҳар роҳ вориди кишвари мо мекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бояд ҳавасманди қарзҳои дохилӣ бошад. Сармоядорони миллӣ ва ватание ҳастанд, ки дар дохил ва хориҷ аз кишвар фаъолият доранд. Аммо барои рушди воқеӣ пайдо кардани кишвар чандон ҳавасманд нестанд. Зеро аз даст додани моли хешро эҳсос мекунанд. Пас назари банда ин аст, ки бояд шароити эътимодбахшро барои онҳо фароҳам сохт ва агар давлат ба ҳолати дефолт ҳам расид, кадом ташвише дигар несту кишвар дар дасти афроди миллӣ ва ватанӣ боқӣ хоҳад монд.

Сафват БУРҲОНОВ, коршинос

Ҳеч ҷои нигаронӣ надорад. Боз камтари дигар замин медиҳему халос шуд. Ҳукумате, ки беш аз 20 сол натавонист, даст аз тамаъ бардорад, дигар чӣ ҳам кунад? Японияро дар ҷанги дуюм болош бомби атомӣ партофтанд (Хиросима, Нагасаки), дар се сол кишвари пешрафта шуд. Ду оғили мо вайрон шуд-нашуд, зарари ҷанг мегӯем. Айб дар ош аст!
Мӯҳр
Аброр
Сафват агар ту кишлокхои сухтагиро ба ду се огил баробар куни вой бар холи ин хел коршиноси. ОЗОДАГОН ЯГОН ОДАМИ БАМАЪНИ ЁФТ НАШУД, ки САФВАТА мепурси. Вая нархи араку коняка пурс аник гуфта медихад. он ду се огиле ки Сафват мегуяд як бор тахлил карда бароед. Замоне мешавад, ки Сафватмонандхо тамоми таърихи ТОЧИКОНРО нодида мегиранд.

носир
Офарин С.Бурхонов!!! Боз 10.000 хазор гк замин халоссссс пул 500 хазор$. Мо насли човон ки ояндаи ТЧ аз мо вобастаас мегуянд то охири умр бачои он ки дар фикри пешрафту ободони бошем дар фикри карз мешавем.Албатта чавононе ки дар фикри миллату давлат, манофеи милли..... хастанд.

АНТИ КРЕДИТ
Сафват дуруст мегуяд.

Миллатгаро
Ҳеч ҷои нигаронӣ надорад. Боз камтари дигар замин медиҳему халос шуд. Ҳукумате, ки беш аз 20 сол натавонист, даст аз тамаъ бардорад, дигар чӣ ҳам кунад? Японияро дар ҷанги дуюм болош бомби атомӣ партофтанд (Хиросима, Нагасаки), дар се сол кишвари пешрафта шуд. Ду оғили мо вайрон шуд-нашуд, зарари ҷанг мегӯем. Айб дар ош аст!
Сафватро бе овардани номаш шинохтам! Воқеъан ҳам шаф-шаф нагуфта шафтолуи гапро гуфтан ин стили уст. Аҳсант Сафвати мутаассифона саргардони Тоҷик

давлат
Сафват сухани ҳакро гуфт

Бахром
Мухтарам Сафват Бурхонов бехтарин суханро гуфтед.

Шахбоз
Мухтарам Сафват БУРҲОНОВ бисьёр сухани хуб гуфтанд. Ахсан !

1212
Розам ба каси нодон гуям чи нагуям чи..

Додо: барои Савфат
балки айб дар ош не, айб дар ошпаз аст.

Ххдт
Хеч гап не аз бадахшон кам-кам замин додан мегирад олам гулистон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)