Додситонӣ: Сатҳи ҷинояткорӣ дар Суғд афзоиш ёфтааст
Додситонии вилояти Суғд аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар шимоли кишвар хабар додааст.
Масъулини ин ниҳод рӯзи 13 июл дар нишасти хабарие гуфтаанд, сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд дар давоми шаш моҳи аввали соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 20,36 дарсад ё худ 582 ҳолат зиёд шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар давоми шаш моҳи аввали солӣ равон дар умум 3 ҳазору 441 ҳолати содир кардани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст: “Ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ 269 ҳолат, дуздӣ – 533, қаллобӣ – 570, сохтакорӣ - 83, расонидани зарари ба саломатии инсон - 62 ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 172 ҳолат мебошад”.
Масъулини Додситонии вилояти Суғд афзудаанд, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон аз сӯи ин ниҳод 146 ҳолати ҷинояти аз қайд пинҳонмонда ошкор карда шуда, аллакай 24 парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |