Бахшҳо
13 июл 2015 17:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

Эмомалӣ Раҳмон: Тагор дар сафарҳояш худро эронӣ хондааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои пардабардорӣ аз муҷассамаи Робиндранат Тагор, файласуф ва шоири маъруфи Ҳиндустон ӯро ошиқи Машриқзамин хонда, гуфтааст, ҳангоми сафарҳояш барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс -- Ҳофиз ва Фирдавсӣ худро эронӣ муаррифӣ кардааст.

Расми пардабардорӣ аз муҷассамаи Тагор имрӯз, 13 июл сурат пазируфт. Дар ин маросим Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон низ иштирок дошт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон Робиндранат Тагорро аз зумраи он бузургоне номида, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд. “Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ӯ ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст. Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дӯст Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад”,-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Нимпайкараи Робиндранат Тагор дар кӯчаи Бухоро, наздикии сафорати Ҳиндустон ва рӯ ба рӯйи Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистон қомат афрохтааст.


Эмомалӣ Раҳмон: Тагор дар сафарҳояш худро эронӣ хондааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Тагор дар сафарҳояш худро эронӣ хондааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Тагор дар сафарҳояш худро эронӣ хондааст (АКС)
Мӯҳр
ш Душанбе
Аз хамин муҷассамаи Робиндранат Тагора, муҷассамаи Сангак Сафаровро мемондан У хуптар мешуд...хизматхои Сангак Сафаровро бояд Кадрдони кардан даркор аст............

ы
ш Душанбе,
Э бие мон хамон сангакатро. Нав номаш гум шуд, ту боз хамон чинояткорро ба ед меори.

ш Душанбе,
Мучассамаи Сангак Сафаров дар Кулоб болои кабрашон вучуд дорад, ташвиш накашед...Хизматхояшро хануз таърих муайан накардааст...

студент баха
бисиёр хуб , боз хубтар мешуд пайкарай хамватанамон сайд абдулло нури хам чое дар ин диёр медошт, касеки мисли чаноби рахмон дарду ранч ва азоб кашид барой тенчи ва вахдати точикон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)