Суғд: Боздошти чор ҷавон бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 23-сола
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти чор ҷавон бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтараки 23-сола хабар медиҳад.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин афрод дар пайи шикояти як сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир шудаанд. Р.Х. дар аризаи шикоятии худ ба ШКД дар шаҳри Қайроққум гуфтааст, санаи 10 июли соли равон, тахминан соатҳои 22:00, шаҳрвандон - Б.А., соли таваллудаш 1988 ва Б.А, соли таваллудаш 1990, ки ҳар ду бародар буда, аз шаҳри Қайроққуманд, ҳамчунин, Б.Б., соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Қайроққум ва М.Ф., соли таваллудаш 1990, бошандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ӯро бо роҳи фиреб ба майдончаи таҷрибаомӯзии ронандагӣ (Автодром)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда, ба номусаш таҷовуз кардаанд.
Ҷаноби Юсуфов афзуд, феълан аз рўи ин далел бо моддаи 138 – “Таҷовуз ба номус”, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |