- Деҳқонони қавииродаи Конибодом дар соли таърихии 20-солагии Истиқлолият баҳри иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумат фидокорона меҳнат намуда, ғолибият ба даст оварданд. Ин ғалабаи меҳнатии кишоварзони шаҳр боиси ифтихори тамоми мардуми вилоят мебошад, - таъкид намуд раиси вилоят. Маврид ба ёдоварист, то ба имрӯз кишоварзони шаҳр дар майдони 7 226 гектар пунбадона кишт намуда, ба хирмани «тиллои сафед»-и вилоят зиёда аз 13,3 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин 106,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.Дар рӯёнидани ҳосили бобаракати «тиллои сафед» саҳми тамоми хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонон, мутахассисону масъулони соҳа, механизаторону обмонҳо, саҳмдорону ҳашарчиён калон буда, нақши Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Маҳмудҷон Назаров, Неъмат Қаробоев, «Патар», «Ирам» ва «Дӯстӣ» хеле зиёд аст.
Зимнан, раиси вилоят ба пешқадамони маъракаи ҳосилғундорӣ, аз ҷумла ба раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Эралӣ Маҳмудов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ирам” Раҳимбой Акрамов, ба механизаторон Ҳамроҳбой Ҳоҷиев аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Ҷаҳонгир Толибов аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Канди кӯҳан”, ба чинакчиёни пешқадам Малика Расулҷонова аз хоҷагии деҳқонии ба номи Исоев ва Гулсара Абдусамадова аз хоҷагии деҳқонии Нозимсаркор тӯҳфаҳои арзанда – мошини сабукрав, телевизор ва мошини дарздӯзӣ тӯҳфа намуд.
Ҳамчунин аз номи раиси вилоят ба идораи маорифи шаҳр 10 адад компютер ва 2 адад принтер тақдим гардид.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |