Бахшҳо

Пешниҳоди профессори амрикоӣ барои ҳалли баҳси “Роғун” дар Тошканд

Габриэл Экштайн, профессори амрикоӣ дар умури қонунгузории муҳити зист ва захираҳои табиӣ, ҳафтаи гузашта ҳаллу фасли баҳс атрофи нерӯгоҳи "Роғун"-ро бо рӯзноманигорон дар сафорати Амрико дар Тошканд баррасӣ кардааст.

Ин муҳаққиқи амрикоӣ дар як ҳошияи як ҳамоиши байналмилалӣ оид ба мудирияти захираҳои об дар Узбакистон гуфтааст, мушкили "Роғун" бояд бар бунёди қонуни об ҳал шавад. “Ин ҷо ҳақ ва ноҳақ вуҷуд надорад, ҳама чиз аз мувофиқат вобаста аст”-гуфтааст Экштайн ва илова кардааст: “Ба ҳайси як одами бетараф, ман фикр мекунам, ки бар бунёди қонуни об Тоҷикистон ва Узбакистон бояд ба пойи мизи музокирот биёянд”.

Ин муҳаққиқи амрикоӣ гуфтааст, ки “дар ин масъала ба он хотир ҷавоби мутлақ вуҷуд надорад, ки ҳар як ҳолат вижагии худро дорад”. Габриэл Экштайн аз бунёд кардани нерӯгоҳ дар Африқо мисол овардааст, ки мушкили монанд ба Роғун доштааст: “Эфиопия тӯли чанд сол мехост як садд бисозад. Маблағи онро пайдо карданду шурӯъ ба сохтани он карданд. Аммо, Миср ва чанд кишвари дигари поёноб изҳори норизоиятӣ карданд. 80%-и оби Миср аз Эфиопия сарозер мешавад.” Ба гуфтаи ӯ пас аз музокироти кишварҳои Миср, Судон ва Эфиопия ин мушкил ҳал шуд.

“Онҳо обро тақсим накарданд, балки натиҷаи истифода аз онро бо ҳам қисмат карданд. Мақсади асосӣ он нест, ки об аз кӣ аст, балки ба таври муташаккил ҳал кардани масъала ва гирифтани фоида аст”-гуфтааст профессори амрикоӣ.
Мӯҳр
Муслис
Габриэл Экштайн гапхоят дуруст, локин медонед, ки узбакхо сари мизи гуфтушинид намехоханд нишастан. Гап дар хамин хаст

Саид
Аз мутхассисон хохиш менамоем, ки ин гуфтахои олими ИМА -ро тахкик намоянд, мисоли Эфиопияро омузанд ва чавоби густурда дар ВАО ва интернет диханд. Шояд холати кор дигар бошад, сарчашмахои асосиро омухтан зарур аст.

Ватандор
Натичаи истифодаи нафту газро хам набошад хаминхел бояд хал кард чаноби Экштайн

Болта
Ин фитнаи навбатӣ аст ва Тоҷикистонро водор мекунад. ки боз солҳо гирди мизи музокира бо Ӯзбакистон шинаду, бо ҳамин боз бунёди Роғунро ба таъхир гузорад. Роғунро дигар беҳеҷгуна гуфтушунид "густохона" бо нерӯи худӣ бояд бисозему халос. Як бор Шер шавем, канӣ чӣ мешад, то кай акаи шер гуфта мегардем.

Tojik
Габриэл Экштайн ба хамун узабкхо нагуфтаст, ки нефти узбакистонхам бояд таксим шавад пули ба даст меомадааш???
Натичаи чангхои ташкил мекардагитон значить барои ба даст овардани фоида ва таксим кардани он будаст даа....

Мухочир
Охир ин кал аз кучо медонад, ки узбекистон мизи музокираро еътироф намекунад! Об аз мо асту узбекистон аз зури истифода карда истодааст!

Чаноби Экштайн ба мо маслихатчи даркор нест. Рогун аз мост ва об хам аз мост мо медонем чи кунем.

СДА
Барои чи чаноби Экштейн вакте, ки молу колохои Точикистон дар сархади Узбакистону Точикистон бо душворихои гумруки рубару мешавад якбор баромади пасми ва рохи халашро пешниход накард, барои чи аз низоми ягонаи кувваи барк бар хилофи манфиатхои кишвархои хамсоя, бахусус Точикистон, ки дучори сахтарин рузхои бебаркии замистон мешуд, баромаду и чаноби доно ба хамсоячони мо, ки садди пешравии Точикистон мешавад, пешниход накард, ки сари мизи гуфтушунид бишинад? Ё нафту гази Узбакистонхам баробар ва ба манфиати Точикистону Киргизистон таксим шуда наметавонад чаноби намояндаи Амрико? И чаноб, ки аз сафорат овоз дод, яъне ин мавкеъи Амрикост! Маълум мешавад боз акаи Ислом бо чаноби Барак дар чи масъалае савдо доранд ва боз Точикхоро зери по мекунанд! Хукумат бидонад, ки мо чавонон бо Точикистонем ва аз накшахои сарнавиштсози кишварамон бо чону дил химоят мекунем! Манофеи миллии Точикистон аз хама чиз болост!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)