Иддаои Иззат Амон аз се мактуби “махфӣ” ба муфтиёт ва раддияи сафорат

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия иддао дорад, ки сафорати Тоҷикистон бо ирсоли се нома ба муфтиёти Русия хостори манъи суҳбатҳои ӯ бо муҳоҷирин дар масҷиди “Проспект мир” –и Маскав шудааст.
Ба гуфтаи Иззат Амон сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ирсоли се номаи пай дар пай ба унвони Шайх Равил Ғайнуддин — раиси ҳайати мудирияти Раёсати мусалмонҳои қисмати аврупоии Русия, раиси Шӯрои муфтиёти ин кишвар дархост кардааст, ки дигар нагузоранд ӯ ба масҷиди маъруф ба “Проспект мир” биояд ва бо муҳоҷирон суҳбат доир кунад: “Гӯиё ман ҷавононро барои пайвастан ба сафи ДИИШ ташвиқ мекардаам, ҷавонони муҳоҷирро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон мешӯрондаам, кудатогару мухолифи сохти конститутсионии Тоҷикистон мебошам”.
Аммо Муҳаммад Эгамзод, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ки сафорат чунин як нома ва ё номаҳоро ба Раёсати мусалмонҳои қисмати аврупоии Русия ва ВКД-и ин кишвар ирсол накардаасту иттилои Иззат Амон комилан бепоя аст: “Сафорати Тоҷикистон намояндагии расмии кишвар дар Русия кори дигар надорад, ки ба чунин як амали хандаовар даст бизанад. Ин иттилоъ аслан вуҷуд надорад ва Сафорат ҳам чунин як иқдомоти аз нигоҳи дипломотӣ номуносибро нахоҳад кард”.
Ба гуфтаи Иззат Амон мактубҳои Сафорати Тоҷикистонро ба ӯ рузи ҷумъаи 9-уми июл як масъули баландпояи бехатарии масҷид нишон додааст ва гуфтааст, ки ин мактубҳо хосияти махфӣ доранд. Ҳамчунин ба қавли Иззат Амон як мактуби дигарро Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба унвонии Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол доштааст ва хостори боздошти ӯ шудааст.
Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, Иззат Амон борҳо чунин иттилооти бардурӯғро паҳн намудааст, вале онҳо таъйид нашудаанд ва ӯ бештар ин корҳоро барои шахсиятсозии худаш анҷом медиҳад. Масъули амниятии масҷид ба Иззат Амон гуфтааст, ки ВКД ҳам ин мавзуъро бо онҳо дар ҷараён гузоштааст.
Иззат Амон мегӯяд, дар масҷид бо муҳоҷирини тоҷик сари мушкилоти онҳо суҳбат мекунаду барои кумаки дигар ҳамватанони ниёзманд талош менамояд ва тамоми он чи ки сафорат ӯро иттиҳом задааст, поя надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |