Бахшҳо
13 июл 2015 13:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Оби марворид - табобат дар 20 дақиқа

Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино

Узви биноӣ барои инсон аҳамияти вежае дорад. Мо бо чашм дунёи берунаро мебинем ва аз рӯи маълумоти мутахассисон, то 90% маълумотҳоро тариқи ин узв мегирем. Бинобар ин, чашмро бояд эҳтиёт кард, чун чашми инсон мисли дигар узвҳои ӯ ниёз ба муносибати эҳтиёткорона ва табобат дорад.
Дар тибби имрӯз чашмпизишкӣ ё офтолмология ба омӯзиши чашм, анатомия ва физиологияи он, бемориҳои гуногуни чашм ва табобату пешгирии онҳо аз бемориҳо машғул аст. Чашмпизишк ё худ офтолмолог мутахассисест дар тиббӣ клиникӣ, ки ба омӯзиши пайдоиш (этиология) ва механизмҳои инкишофи бемориҳои гуногуни чашм сару кор дорад. Маҳз ин мутахассис ташхис ва усули табобату пешгирии ингуна бемориҳоро анҷом медиҳад.
Мутаасифона, узви биноии инсон мубталои бемориҳои зиёде мегардад. Бемориҳое монанди наздикбинӣ, астигматизм (нуқсони чашм), дурбинӣ, оби сабз (глаукома), оби марворид (катаракта) ва ғ одамони зиёдеро азият медиҳанд ва боиси нороҳатиашон мегарданд. Чизи муҳими дигар ин аст, ки қариб 80% бемориҳои чашм, натиҷаи таъсири бемориҳои дигар, аз қабили бемории гипертония, аллергия, сил, бемориҳои сироятӣ, диабети қанд, фарбеҳӣ ва ғ мебошанд. Бинобар ин, агар шумо ногаҳонӣ ё тадриҷан ба мушкилоти узви биноӣ дучор гаштед ва ё тағйири ҳатто начандон зиёде дар нерӯи биноии худ мушоҳида кардед, ҳатман ба чашмпизишк муроҷиат намоед.

Яке аз бемориҳои паҳнгардидаи чашм, ки хусусан боиси азияти одамони калонсол мегардад, бемории катаракта ё оби марворид мебошад. Тибқи маълумотҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, наздики 17 млн одам мубталои бемории катаракта буда, аксарияти онҳоро одамони аз 60 - сола боло ташкил меиҳанд. Дар синни 70-80 солагӣ ин беморӣ дар 260 мард ва 460 зан аз 1000 нафар одам ба назар мерасад ва дар синни аз 80 сола боло бошад, дар ҳар нафар дида мешавад.

Зуҷоҷаи (хрусталик) чашм ба мисли линзаи таббиист, ки нур гузаронида, онро мункасир мекунад. Зуҷоҷа дар дохили тухми чашм дар миёни инабия ва баданаи шишамонанд воқеъ гардидааст. Дар ҷавонӣ зуҷоҷаи чашми одамӣ шаффофу мавзун буда, метавонад шакли худро дигар кунад ва аз ҳисоби ин, чашм ҳам дар наздикӣ ва ҳам дар дурӣ нағз мебинад. Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории катаракта ё оби марворид зуҷоҷа қисман ё пурра тира гардида, шаффофияти худро аз даст медиҳад. Бо ин сабаб чашм танҳо як қисмати ками нурҳои рӯшноӣ мерасанд ва нерӯи биноӣ заиф гардида, инсон атрофро дақиқ намебинад. Бо гузашти солҳо беморӣ рушд намуда, қисмати хира шуда калонтар мегардад ва нерӯи биноӣ боз ҳам заифтар мегардад. Агар ин бемориро дар вақташ табобат накунед, он метавонад ба кӯрӣ оварда бирасонад. Яъне инсон комилан нерӯи биноиашро аз даст медиҳад.

Ин беморӣ дар одамон ҳамаи синну сол дида мешавад ва ба чанд намуд тақсимбандӣ мегардад: катарактаи модарзодӣ; катарактаи мураккаб ва катаракта, ки бо сабаби бемориҳои умумии организм буруз намудааст. Аммо аз ҳама бештар катарактаи синну солӣ (ё пирӣ) вомехурад ва дар одамони аз 50 сола боло инкишоф меёбад.

Сабаҳои асосии пайдоиш ва инкишофи ин беморӣ низ гуногунанд: тамоюли ирсӣ; ҷароҳатҳои чашм (химикӣ, механикӣ ва ғ); бемориҳои гуногуни чашм (аз ҷумла глаукома, наздикбинӣ); иллатҳои эндокринӣ (халалдор шудани мубодилаи модаҳо, диабети қанд ва ғ); шуоъхурии ултрафиолетӣ; истеъмоли тӯлонии як қатор доруҳо; радиатсияи баланд; заҳролудшавии токсинӣ ва сигоркашӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Хусусияти дигари ин беморӣ дар он аст, ки ҳангоми гирифтор гардидан ба он, инсон атрофро мисли ин, ки аз шишаи арақкарда мебинад. Бо рушди бештари беморӣ милт-милти рахҳо, хатҳо ва доғҳои гуногун дар пеши назари бемор зиёд мегардад. Инсон ашёҳоро дугуна мебинад ва аз рӯшноии баланд метарсад. Дар бештари маврид ҳангоми хондан, навиштан ва дӯхтан дучори мушкилот мегардад. Бо мурури пухта расидани катаракта, ранги зуҷоҷаи чашм аз сиёҳ ба сафед мубаддал мегардад. Заъфи нерӯи биноӣ аз ҷойгиршавии мавқеи ин тирагӣ вобастагӣ дорад. Агар ин тирагӣ дар атрофи зуҷоҷа воқеъ гардад, одам ҳеҷ дигаргуниеро дар нерӯи биноии худ ҳис намекунад. Ин намуди катаракта тасодуфан, ҳангоми муоинаи табиб маълум мегардад. Аммо агар тирагӣ дар маркази зуҷоҷа ҷойгиршуда бошад, инсон хело зуд гирифтори наздикбинӣ мегардад.

Катаракта бемории маккорест ва мавҷудяти онро танҳо мутахассис метавонад тасдиқ намояд. Асоситарин намуди ташхиси ин беморӣ, муоинаи қаъри чашм дар рӯшноии хуб ба шумор меравад. Баъзан танҳо ҳамин амалкард ба табиб кофист, то мушкилотро муаян намояд. Аммо ташхиси дақиқтар ба воситаи ломпи рӯшноидиҳанда - биомикроскопияи чашм гузаронида мешавад.

Роҳи ягона ва самараноктарини табобати катаракта, амали ҷарроҳӣ ба шумор меравад, ки дар натиҷаи он зуҷоҷаи тирагашта, бо линзаи сунъӣ иваз карда мешавад. Аз ҳама усули паҳнгашта ва камҷароҳати дур кардани катаракта - факоэмулсификатсия ба шумор меравад. Ин усулро амбулаторӣ иҷро мекунанд ва он стандарти "тиллоӣ" дар офталмоҷарроҳии катаракталӣ ба шумор меравад. Ин усули ҷарроҳӣ комилан бехавф буда, бемор худи ҳамон рӯз ба зиндагии маъмулиаш бармегардад. Ин намуди ҷарроҳи ҳамагӣ 15-20 дақиқа идома меёбад.

Шӯъбаи офтолмологии (бемориҳои чашм) Бемористони Ибни Сино бо таҷҳизоти навтарини муосир муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ин омилҳо ба мутахассисони шӯъба имкон медиҳанд, ки бемориҳои гуногуни чашм ва аз он ҷумла катаракта ё оби марворидро бо муваффақият ташхис ва табобат намоянд. Барои дастрасгардонидани хизматрасонии тиббии ҳозиразамон ба қишрҳои мухталифи кишвар, дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" таъсис дода шуда аст. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро суғурта намуда, хароҷоти худро ба маротиб кам кунед.

Барои касби маълумоти бештар метавонед ба сойти расмии мо муроҷиат кунед: www.sugurta.tj ва www.ibnisino.tj
Мӯҳр
Бемор
Хоҳишмандам дар бораи бемории глаукомаи чашм ва табобати осони он дар Тоҷикистон маълумот диҳед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)