Бахшҳо

Шӯрои уламо санаи дақиқи Иди фитрро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди дорои ҳаққи судури фатво дар Тоҷикистон санаи дақиқи Иди фитр дар кишварро эълон кард.

Тавре аз Маркази исломӣ ба “Озодагон” хабар доданд, рӯзи Иди фитр имсол дар Тоҷикистон рӯзи 17 июли соли равон таҷлил мешавад. Ба иттилои манбаъ, санаи дақиқи Иди фитр дар ҷаласаи рӯзи 13 июли аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон ба раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода муайян шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳтимоли зиёд имсол тоҷикистониён 29 рӯз рӯза хоҳанд гирифт ва санаи дақиқи Иди фитр дар ҷалаи ояндаи аъзои Шӯрои уламо эълон мешавад.

Тибқи иттилои масъулини Маркази исломӣ моҳи Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт ва тоҷикистониён Иди Саиди Фитрро 17-уми июл таҷлил мекунанд: “Намози Иди фитр дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 6:30 оғоз хоҳад ёфт”.

Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.
Мӯҳр
Эй бача ин охир 28 руз шуд ку

Абдулло
Аввалин бор дар Точикистон рамазон 29-руз шуд

Оё тибқи ҳадиси Расули Худо (с) ин тавр нест, ки Моҳро дидед руза гиред ва моҳро дидед Ид кунед. Пас ҳануз моҳи шаъбон наомадааст аз куҷо муайян шуд, ки рамазон 29-рӯз аст ё 30?

Арш
Мухтарам кормандони сайти Озодагон, мо ба Шумо ва фаьолияти Шумо ихлоси беандоза зиед дорем! Содиркунандаи фатвои дилхох масьла мавкеи ва овози тамоми хайати мушовара аст ва баинобат гирифта мешавад, на ин, ки хос рай Мукаррам.

Ман як чизро нафахмидам. Як хафта пеш масъулини Шурои уламо хабар дода буданд, ки рамазони имсола аз 29 руз иборат аст, лекин санаи дакики Иди фитрро имруз эълон карданд. Оё хисоб кардани санаи дакик душвор буд, ё ба дуруст будани маълумотхои худашон бовари надоштанд. Вакте рамазонро 29 руз гуфти, пас маълум аст, ки санаи 17-ум ид мешавад.

Эээ канд занед мардум! он чунон сафсатагуиро нагз мебинед, ки охир надорад. Хар сол дар кишвар Рамазон 30 руз буда як руз баъди Москаву Сауди ид мекардем. тамоми мардум мегуфтанд, ки уламои мо як руз дер карданд, мо як руз Рузаро дароз кардем боз гапу гапчахои дигар. Имсол, ки 29 шуд чун Сауди ва дигархо акнун бараъкс одамон хадис мисол моеранд Эээ офарин ба мардуми точик!

Ахмад
Барое ки ягон китоби исломия пурра нахондиян савод надоран илтимос хар хел гап нанависед.

Осмон
Вокеан ин Бародар дуруст кайд кардан, факат як чизро фаромуш на бояд кард, ки аз Забони Муфтии Чумхури хар сухани хак хам садо дихад, мутаассифона мардум эьтимод е кобил намешуморанд. Бошад хар фатаое хаст аз чониби дигар шахсиятхо!

Мебахшен бародарони гироми хали масоили исломи дар даст шумо мондаги нест. И масъалаи шаръияй бояд аз тарафи уламо ва олимони ислом хал шава аа нисбати 29 руз рузагирифтани мусалонхо ягон чои бахсу ситезаш нест чунки пайгабар аксари рамазои хаеташ 29 руза гирифтагияй. Баъд и моххои христиани нест 3031 руз моххои исломи аз29-30 руз иборат аст илтимос нашр кунед

muslim
Вакте ки мохи рамазона 29-30 рузай меген уламо хоб будан таквима 30-руз пур кардан ин хатогии кияй???

Сафар
Шурои уламо фатво дод ичро кардан гиред. Зеро савобу гунохаш ба гардани хамонхо мешавад. Дар хама чиз шубха кардан чи лозим? Холо давлати исломй нестем, ин кадар саволу чавоб, сафсата. Агар исломй шавем чй кор мекарда бошем? Белу каланд гирифта мебароем-мй?

АХМАД
МАН ХАМИНРО ГУФТАНИ ХАСТАМ КИ ШУРОИ УЛАМО ФАТВО БАРОВАРД МО КАБУЛ ДОРЕМ 29. ИМСОЛ МУВОФИКИ ТАМОМИ ДАВЛАТХОИ ИСЛОМИ ХАСТ ЧУНКИ МОХИ РАЧАБ 30 ОМАД ШАЪБОН 30 ОМАД МУМКИН НЕСТ РАМАЗОН 30 БИОЯД

Салом дӯстами азиз!!!!! Ман саволе доштам чихел, ки ба ҳамагон маълум аст Иди моҳи шарифи рамазонро дар Тоҷикистон рузи 17-ум Июл таҷлил мешавад!!! Аммо ин бар гуфти баъзе аз шахчон номункин аст, ки мо 29 рӯза дорем!!!! Яъне ман гуфтаниям дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон Ид рӯзи ҷумъа гузаронида мешавад???
Илтимос ҷавоб гардонед!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)