Агентӣ: Бархе маъюб-соҳибкорон ҳанӯз ҳам 16-17 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, соҳибони нафақаҳои “осмонӣ”, аз ҷумла Ҳукумов ва дигарон ҳанӯз ҳам маблағҳои ҳангуфтро гирифта истодаанд, зеро қонун қувваи бозгашт надорад.
Абдураҳмон Ҳакимов, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар асоси як фармоиши муштарак аз моҳи июни соли ҷорӣ ташхиси такрории тиббии нафақахӯрони маъюб дар назар аст. Ҳакимов илова кард, ки ташхиси тиббӣ дар салоҳияти Хадамоти тиббӣ буда, бо назардошти хулосаи ташхиси тиббӣ имкони бозбинӣ кардани ҳаҷми нафақа вуҷуд дорад.
Ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа феълан дар кишвар бархе шаҳрвандон то 15-17 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд, ки бисёрашон соҳибкор мебошанд.
Абдураҳмон Ҳакимов шарҳ дод, ки нафақаҳои зиёд то моҳи апрели соли 2012 таъин шудаанд ва шарҳ дод, ки то он вақт зимни таъини нафақаи маъюбӣ ягон маҳдудият вуҷуд надошт: “То 19 апрели соли 2012 дар таъмини нафақаҳои маъюбӣ маҳдудият пешбинӣ намешуд ва он бо назардошти музди меҳнати ду соли пеш аз баромадан ба нафақа ё 5 соли интихобӣ таъин мешуд. Барои маъюбони гуруҳи 1 ва 2 то 70 фоизи маош ва гуруҳи 3 то 50 фоизи музди меҳнат нафақа таъин мешуд”.
Ӯ илова кард, ки аз моҳи апрели соли 2012 бо тағйири қонунгузорӣ зимни таъини нафақаи маъюбӣ маҳдудият ҷорӣ гардида, ҳадди ниҳоии нафақаҳо муайян шуд: “Аз ҷумла барои маъюбони гуруҳи 1 – ҳадди ниҳоии нафақа 10 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1300 сомонӣ, барои маъюбони гуруҳи 2- 8 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1040 сомонӣ ва барои маъюбони гуруҳи 3 - 6 ҳадди ақали нафақа баробар ба 780 сомонӣ муайян шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки нафақаҳои зиёди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ахиран норозигии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро низ ба вуҷуд оварданд. Аввали соли равон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси вақти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд. Раиси Оҷонсии зидди фасод, аз ҷумла Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст: “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматулло ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст.”
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия ва раиси феълаии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон қаблан зимни баромад дар назди намояндагони мардумӣ изҳор дошт, ки феълан дар кишвар 13 нафар нафақаи маъюбии зиёд мегиранд. Ӯ аз ҷумла иттилои матбуотро дар мавриди 18 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбии Амонуллои Ҳукуматуллоҳ рад карда, гуфт, собиқ раиси “Роҳи оҳан” 8400 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ба гуфтаи Наҷмиддинов ин нафақа барои Амонуллои Ҳукуматулло соли 2011-ум, се сол пеш аз барканорияш, таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |