Паёми Модӣ бо забони тоҷикӣ ва интизориҳояш аз сафар ба Душанбе
Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон, дар сафҳаи Твиттери худ ба забони тоҷикӣ навиштааст, ки “Ба Тоҷикистон фаромадем”.
Ӯ дар паёми худ бо забон тоҷикӣ инчунин интизорияшро аз сафар баён кардаааст: “Тавассути сафари мазкур, робитаи Ҳиндустонро бо Тоҷикистон зичтар сохта, миқёси ҳамкориямонро вусъат мебахшам”.
Модӣ ин паёмашро дар ҳоле навиштааст, ки шаби 12 ба 13 июл дар доираи як сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.
Яке аз ҳадафҳои сафари Модӣ дар расонаҳои Ҳиндустон ба иҷора гирифтани фурудгоҳи низомии Айнӣ бозтоб шудааст ва он “ҷойгоҳи стратегӣ” унвон шудааст. Наик, як маршали собиқ ба нашрияи “India Today” гуфтааст, ки “гирифтани пойгоҳи низомӣ ба вижа дар Осиёи Марказӣ як пешрафти Ҳиндустон аст, аммо дар маврид Тоҷикистон бояд ризояити Русияро дошта бошад”.
Ризоияти Русия дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ин фурӯдгоҳи низомӣ соли 2007-ум бо 20 миллион доллари Ҳиндустон бозсозӣ шуд. Ин нашрия аз қавли манобеи худ навиштааст, ки гирифтани фурӯдгоҳи низомии Айнӣ мушкилзо хоҳад буд. “Ин иқдом ба ғайр аз Русия нигаронии Покистону Чинро ба бор хоҳад овард. Ин фурӯдгоҳи низомӣ 1 соат роҳи ҳавоӣ тор марзи Чин дорад”.
Ба навиштаи ин нашрия “Тоҷикистон бо Покистон марзи муштарак надорад. Ин ду кишвар дарраи Вахони ҳудуди Афғонистон аз ҳам ҷудо мекунад. Аммо, дурнамои ин фурӯдгоҳи низомӣ нигаронии Покистонро дар хоҳад дошт. Солҳои ахир Покистон талоши зиёд кардааст, ки Тоҷикистонро аз иҷора додани фурӯдгоҳи низомии Айнӣ ба Ҳиндустон боз дорад. Соли 2012 Покистон ду базаи низомиро аз нав фаъол кард ва барои тамрини нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон пешниҳод кард”.
Сафари нахуствазир Модӣ дар доираи коршиносони тоҷик ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик ҳам дар сафҳаи Фейсбукаш сафари нахуствазири Ҳиндустонро ба таҳлил кашида ҳадафи онро гуфтугӯ дар мавриди фурӯдгоҳи Айнӣ гуфтааст. Оқои Раҷаб ҳам бар ин назар аст, ки Русия барои ин иқдоми Тоҷикистон розӣ намешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |