Бахшҳо

Арзи иродати Сиёвуш ба Саъдинисо: Кӯр хоҳад гашт душман пеши чашми рӯшани ту!

Сиёвуш ҶУНАЙДӢ

Бархе афроде ҳастанд, ки дар як даврони мушаххас шахсиятҳое барҷаста мешаванд, маъруфият ва маҳбубияти ҳамагониро ба даст меоваранд, номашон сари забонҳо ва нуқли маҷлисҳо ва худашон гули сари сабади маҳфил ва нишастҳо мегарданд. Бе он ки худашон хоста ва ё талоше махсус барои касби чунин шуҳрат ба харҷ дода бошанд. Ин дар ҳолест, ки зумрае дигар чи корҳое намекунанд ва чи заҳматҳое барои худу дигарон иҷод намекунанд, то аз шуҳрат дар байни халқ бархурдор шаванд ё ҳадди ақал номашон дар ҷомеъа матраҳ гардад. Ҳамагон шоҳиди ҳол ҳастем, ки бархе афрод барои касби ном ё ҳифзи худ аз фаромӯшӣ ба чи корҳое, ки даст намезанад, аз чи ҳадду қолибҳое, ки таҷовуз намекунанд.

Касоне, ки аз роҳи лаффозӣ, ҳаррофӣ ва авомфиребӣ барои муддатзамоне эътимоду бовар ва ҳатто маҳбубият пеши мардумро ба даст меоваранд ҳатто қобили зикр нестанд. Чунин афрод, ба назарам, ҳатто худ дар кадом яке гӯшаи дилашон дарк мекунанд, ки торихро наметвон гул зад. Таърих – ин Довари Ҳақбин билохира ҳақро ба ҳақдор хоҳад расонд ва ҳар касеро дар мақоми сазовори вай қоим хоҳад кард. Устод Саъдинисо Ҳакимова яке аз ҳамон афродест, ки бидуни кадом талош ва ҳатто шояд худ нахоста давронеро ба як шахсияти барҷаста ва машҳур ва номдор табдил ёфтанд. Он ҳам чи давроне!

Ёдам ҳаст, ки дар он даврони пурошӯб ва сарнавиштсози поёни қарни бист басомади номи устод Саъдинисо Ҳакимова дар Тоҷикистон баробар бо басомади номҳои нафарони аввали кишвар ва ҳатто дар мавориде бештар аз он буд. Дар он даврон, ки дӯст аз душман ва ҳақ аз ботил падид набуд, дӯсту душман харфи ӯро мезаданд ва яке ӯро мумтоз ба ҳақ ва дигаре мутаҳам ба ботил мекард. Ҳар як матлабу мақола, ҳар мусоҳиба бо ин зани шарифа баҳс ва сару садои зиёдеро дар ҷомеъаи Тоҷикистон меангехт. Мақомот ӯро муттаҳам бар он мекарданд, ки ба ҳизб, ба система, ба низоми давлат хиёнат карда ва сарфи назар аз бархурдорӣ аз бартарӣ ва имтиёзҳои қудрат ва давлати коммунистӣ ба манфиати мухолифон ҳарф мезанад. Вале ҳамзамон мухолифон устодро муттаҳам ба хиёнат ба Ватан ва миллат, пешбурди сиёсат ва таблиғи фарҳанг ва одатҳои зиддимиллӣ мекарданд.

Аммо ӯ на ин буду на он. Ӯ фақат кори худро мекард. Ҳамон коре, ки ба хубӣ медонист, танҳо ӯ метавонад ва бояд анҷомаш диҳад. Ӯ кори ҳирфаии худро мекард ва вазифаи рӯзмарраи худро анҷом медод. Аммо дар воқеъ ғайр аз ин набуд, ки расолати худро дар назди як миллати бечора, бесоҳиб, дуруфтода аз пешрафтҳои иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, пизишкӣ ва фарҳангӣ ва ахлоқӣ иҷро мекард.

Хабари дар бемористон бистари шудани ин табиби ҳозиқ ва пизишки ботаҷриба бисёр ғамгинам кард. Расми дунё ҳамин аст, ки чорасозони дигарон баъзан худ бечора машаванд. Ин шеърро бештар аз ду даҳсола, пеш аз ин, дар ҳамон даврон гуфта будам. Агар иштибоҳ накунам дар ҳафтаномаи он замон овозадори “Ҳафт Ганҷ” чоп низ шуда буд. Дар ҳар сурат Муҳиб Қурбон, сардабири он нашрия ин шеърро аз ман гирифта ва чопашро ваъда карда буд. Ҳоло хостам ин шеъри даврони навҷавониро бо дидгоҳе, ки ҳамакнун ба шеъру шоирӣ дорам, каме тасҳеҳ ва такмил кунам. Аммо он самимияти саршоре, ки он замон дар ман буд ва талош карда будам дар ин шеър онро бозгӯ кунам, пеши роҳамро гирифт. Шеърро бидуни афзудан ё костан мунташир мекунам. Мехоҳам аз ин тариқ бори дигар ихлос ва иродати худро ба устод Саъдинисо Ҳакимова изҳор карда бошам. Аз Худованди меҳрубон дар ин моҳи шарифи Рамазон, ки саршори раҳматҳои Ӯст, барои устод ва барои ҳама беморон шифои оҷил таманно дорам.

ТОҶИКИСТОН

Арзи иродат ба устод Саъдинисо Ҳакимова

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Тоҷикистони сияҳпистон,
Тоҷикистони сияҳдомон,
Тоҷикистони сияҳрӯзи сияҳбахт
Модари бемори сарсахт.

Модаре, ки тифлакони ширхоратро
Ҳар қадар Заҳҳоки даврон мекунад қурбон
Боз мезойиву мезойӣ ба рағми баччахорон,
Боз мезойӣ ба рағми ин ҳама Заҳҳоки Морон.

Ман намедонам чи рамзе ҳаст дар ин зодани ту-
Савқи солим?
Он ғаризай зинда мондан?
Ё ҷунуне моваройи Будану Нобудани ту?
Балки микробест дар заҳдони ту Эраҷшикор?
Балки ин хуни Сиёвуш аст, ҳон, дар гардани ту?
К-ин ҳама зояндагиҳои туро фарҷом марги ногузир аст
Оби чашмат, хуни қалбат ҳамчу борон дар кавир аст...

* * *

... Дарди зодан-
Лаҳзае, ки Зиндагиву Марг бо ҳам дар набарданд,
Баҳри ин ду аждаҳо хуш ҷойи дилхоҳест майдони тани ту!

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Модари ҷон
Инак ин дастони сахтамро бубахш
Ки ба рӯйи тугмаҳои сарди компутер
Сарду сокит мекунам пахш,
Инак ин чашмони ҳамчун чашмаи хушкидаамро
Маъзарат кун
Ки ба рӯй шишаи шаффофи эфир
"Ҷадвали афзоишу фавти занону кӯдакони Тоҷикистон»-ро
чунин хунсард мехонам,
Ман набояд ларзам, эй Модар, ту инак қувватам деҳ,
Ман набояд гирям, эй Модар, маро ту мағфират кун…

* * *

Пеши чашмонам харита
Рӯйи он мебинамат ҳамчун зани обистане дар рӯйи бистар,
Ман намедонам чи хоҳад буд,
Ман намедонам чи хоҳад бар сарат омад,
Инқилоберо таҳаммул кун дар ин ҷисми наҳифат,
Модари чон,
Дилқавӣ бош!
Офтобе хоҳӣ зодан,
Кӯр хоҳад гашт душман пеши чашми рӯшани ту!
Баъд... Рӯзе..
Зиндагонӣ ҳам намози нафл хоҳад хонд рӯйи домани ту!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)