Бахшҳо

Раиси Суди Олӣ дар бораи муроҷиати ҲНИТ ба СММ (навшуда)

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон иддаои роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии кишварро дар мавриди нақзи муқаррароти созишномаи сулҳи тоҷикон беасос хонд.

Шоҳиён, имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тамоми меъёрҳои созишномаи сулҳи тоҷикон ҳалли худро ёфтаанд ва муроҷиати раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора беасос мебошад. Ӯ гуфт, ки худаш дар раванди имзои созишнома ба ҳайси масъули масоили ҳуқуқӣ иштирок доштааст ва ҳамаи меъёрҳои созишнома миёни ҳукумату ИНОТ иҷро шуд. Шоҳиён инчунин илова намуд, ки шикояти ҲНИТ-ро дар мавриди фишорҳо баъди баррасӣ ба додситонии кул равон кардаанд ва додситонӣ ба ин ҳизб посух додааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шуд. Дар пайи нашри ин муроҷиатнома аксари аҳзоби сиёсии кишвар ва ниҳодҳои давлатӣ вокуниш карда, ин иқдоми ҲНИТ-ро маҳкум намуданд.
Мӯҳр
Шохиён сад дар сад дуруст кайд кардааст! Тамоми меъёрхои сулхи точикон халли худро ёфтаанд! Мурочиати ХНИТ хеле беасос аст ва агар умуман дар асл гирем, кушиши ба хам овардани собик нерухои мухолифин бо Хукумат, захмату кушиши сарвари давлат аст. Як ба ёд биоред собик нерухои мухолифин чандбор аз мизи гуфтушунид бе мувофика хеста рафта буданд. Имруз ХНИТ аз сабру тахаммулпазири мегуяд, мешунавонаду насихат мекунанд.... БАС! Якбор аз пушти хизббозитону, Исломро ба сиёсат омехта карданатон мухтарам рохбарону аъзоёни ХНИТ, миллат ба вартаи нобуди гирифтор шуда буд! Инбор, ки мо дубора комат рост кардаем, ба раванди бунёдкори таъсири бад нарасонед ХНИТ! Озодагоне, бо яке чопш накни, ки дар хактон "УБОЛ" шава...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)