Боздошти ҷонибдорони “Ҷундуллоҳ” аз сӯи Оҷонсии зидди фасод
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зери раҳбарии Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон аз боздошти ҷонибдорони Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли кишвар хабар додааст, ки гӯиё қасди сарнагун кардани ҳокимияти Конситутсионии кишварро доштаанд.
Масъулини Оҷонси зидди фасоди молии кишвар гуфтаанд, кормандони онҳо микрокартаи хотиравӣ бо сабтҳои аудиову видеоии даъвати Муҳаммад Тоҳир, амири Ҳаракати Исломии Узбекистон - “Ҷундуллоҳ”-ро пайдо кардаанд, ки ба Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов, сокини деҳаи Узбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов тааллуқ дорад.
Ба иттилои манбаъ, микрокартаи хотиравии мазкур аз манзили истиқоматии Махкамбой Анорқулов, сокин ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ёфт ва мусодира шудааст: “Дар рафти санҷиш муайян гардид, микрокартаи хотиравӣ ба Ғафурҷонов таълуқ дорад. Инчунин маълум шуд, ӯ аз моҳи августи 2014 то инҷониб, бо мақсади барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароӣ нажодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти Конститутсионии Тоҷикистон ва оиди ба амалбарории фаъолияти экстримистӣ, аз сомонаи интернетӣ сабтҳои аудио ва видиоии даъваткунандаи ба ин амалҳо яъне, даъватҳои амир ва дигар аъзоёни Ҳаракати Исломии Узбекистон-“Ҷундуллоҳ”-ро ба даст оварда, пас аз тамошо ва омӯзиши пурраи маълумотҳои ба дастовардааш бо воситаи сомонаи интернетӣ “Содиқлар” тариқи паёми “СМС” ва ба воситаи ҳамдеҳааш бо ном “Урунбек”, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад, бо телефон ҳамсуҳбат шуда, барои амалии мақсадҳои ҷинояткорона роҳу усули ба онҳо ҳамроҳ шуданро ҷустуҷӯ мекард”.
Дафтари матбуоти Оҷонси зидди фасоди молии кишвар Ғафуровро дар даъват ва ҷалби ҷавонон, аз ҷумла Азизҷон Рӯзиев ва Иброҳим Ашарапов ба сафи гуруҳҳои фиротгаро муттаҳам карда, афзудааст, “Рӯзиев ва дигарон маълумотҳои аниқ дар бораи ҷиноятӣ махсусан вазнини тайёршудаистодаро ба даст оварда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар надоданд”.
Манбаъ мегӯяд, кормандони Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар рӯзи 20 майи соли равон аз манзили Ғафурҷонов як адад ноутбуки тамғаи “ACER”-ро мусодира кардаанд, ки дар он сабтҳои видеоии даъват ба ҷиҳод, барангехтани кинаву адовати динӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин ва бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти Кониститутсионии Тоҷикистон мавҷуд аст: “Ҳоло Ғафурҷонов бар асоси моддаҳои 189 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ ва алайҳи Рӯзиев ва дигарон бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар таъкид кардааст, ин ниҳод натанҳо дар самти мубориза бо коррупсия, балки зидди терроризму ифротгароӣ ҳам мубориза мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |