Таҷлили 58-умин солгарди имомати Оқохони IV дар Тоҷикистон
Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон беш аз 200 ҳазор арзёбӣ мешавад, охири ҳафтаи гузашта-11-уми июл 58-умин солгарди ба тахти имомат нишастани имоми 49-уминашон-Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV-ро таҷлил намуданд.
Исмоилиёни Тоҷикистон, ки аксарашон дар Бадахшон иқомат доранд, изҳор медоранд, ки ин санаро чун тамоми исмоилиёни ҷаҳон ба таври густардаву барномаҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ҷашн мегиранд.
Оқохони IV имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад, рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ баъди бобояш Султон Муҳаммадшоҳ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария таваллуд шуда, дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард аст. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) мебошад, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар соҳоти гуногуни Тоҷикистон фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |