Суғд: Ҳалокати 13 кӯдак дар пайи садамаҳои роҳу нақлиётӣ
Сар аз моҳи январи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 32 садамаи роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ба қайд расидааст, ки далели он риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гуфта мешавад.
Аз БДА-и Раёсати умури дохилии Суғд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи ин садамаҳо 13 кӯдак ҳалок гардида, 26 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, бештари ин садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Исфара ба қайд гирифта шудаанд: “Сабабҳои асосии садамаҳо бо иштироки кӯдакону наврасон риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз сӯи ронандаҳо ва ҳам аз ҷониби худи ноболиғон мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |