Шаҳрванди Тоҷикистонро барои фурӯши нос дар Пенза то ду соли зиндон таҳдид мекунад
Раёсати Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия дар Пенза як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми фурӯши нос боздошт кардааст.
Алексей Власов, раҳбари ин раёсат ба хабаргузориҳои кишвараш гуфтааст, ин мард носро дар чанд баста омода карда, ба фурӯш гузоштааст. Ӯ афзуда, дар пояи қонунгузории Русия дастиршударо ҷарима дар ҳаҷми то 300 ҳазор рубл ё маҳрумият аз озодӣ то ду сол таҳдид мекунад.
Бархе расонаҳо аз боздоштшуда Ибодуллохоҷа ном бурда гуфтаанд, ӯ дар қаҳвахонае ба шашликпазӣ машғул будааст.
Фурӯши нос дар Русия шурӯъ аз соли 2013 манъ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |