Мирзозода дар бораи худкушӣ ва ҷиноятҳои занон дар Суғд
Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд мегӯяд, дар шаш моҳи сипаришуда дар қаламрави вилоят 56 намояндаи ҷинси латиф худкушӣ кардааст.
Нодира Мирзозода, раҳбари раёсати кор бо занон ва оилаи Суғд дар нишасти хабарии созмонёфтае дар Хуҷанд изҳор дошт, бештари ҳолатҳои худкушии бонувон дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Исфара ва Ғончӣ ба қайд расидааст.
Ӯ мегӯяд, ҳолатҳои ба ҷони худ қасд кардани занон дар шимоли кишвар дар қиёс ба нимсолаи аввали соли сипаришуда коҳиш ёфтааст: “Дар шаш моҳи соли 2014 69 ҳолати худкушии занон сабт шуда буд”.
Хонум Мирзозода афзуд, ҳолатҳои ба ҷиноят даст задани занон низ имсол коҳиш ёфтааст: “Дар зарфи 6 моҳи соли равон 266 ҳолати ҷинояткорӣ сабт шудааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли 2014, 8 ҳолат камтар мебошад”.
Ба гуфтаи раҳбари раёсати кор бо занон ва оилаи Суғд бештари ҳолатҳои ҷинояткорӣ миёни занҳо дар шаҳрҳои Қайроққуму Конибодом ва ноҳияи Айнӣ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |