Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, нисбати мудири кулли ширкати «ТК- мобайл» - Сеон Неоншан, аз рӯи моддаи 363 – и Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.
Тавре аз додситонии ин ноҳия ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, Сеон Неоншан дар иҷро накардани ҳалномаи суди ин ноҳия оиди барқарор кардани Ҷамшед Иброҳимов, ба ҷои кораш дар «ТК – Мобайл» муттаҳам шудааст. Манбаъи хабар изҳор дошт, ки дар назар аст, то охири моҳи ҷорӣ парванда ба суд ирсол гардад. Дар сурати исботи гуноҳи Сеон Неоншан, ӯро ҷарима аз 200 то 500 нишондоди ҳисоботӣ, ё то ду соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
Ҷамшед Иброҳимов, собиқ муҳандиси ширкат, мегӯяд, роҳбарияти «ТК- Мобайл» вайро ғайриқонунӣ аз ҷои кораш озод кардаст. Суди ноҳияи Сино ҳам даъвоҳои Иброҳимовро асоснок хонда, қарор баровардаст, ки ӯро фавран ба ҷои кораш барқарор намоянд, вале қарор то ҳол аз ҷониби масъулини «ТК-Мобайл» иҷро нашудаст.{jathumbnail off}
Мӯҳр