Дар 6 моҳ: 6940 заминҷунбӣ дар Тоҷикистон
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2015 дар ҳудуди Тоҷикистон 6940 заминҷунбӣ аз ҷониби Институти маъданшиносӣ ва зилзилашиносии Академияи Илмҳо нонмнавис шудааст, ки асосан бо қуввати паст будаанд, ки аз 2 балл поинтар эҳсоснашаванда мебошанд.
Ӯ дар нишасти хабарии Академияи илмҳо иброз дошт, ки имкони рух додани заминҷунбиҳои харобиовари 8-9 бал дар Тоҷикистон қариб вуҷуд надорад.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки аз баски Тоҷикистон дар минтақаи аз нигоҳи зилзилашиносӣ ҳасос ва серзилзила қарор дорад мо ҳамеша ҳодисаҳои марбутро мониторинг мекунем ва ҳар ду дақиқа дар бораи вазъи зилзила ба марказҳо ахбор интиқол дода мешавад.
“Тибқи маълумоте, ки дар дасти олимони мо ҳаст, бар асоси маълумоти 50-60 соли ахир, ки нисбат ба маълумоти 150 сол пештар дақиқтар мебошанд, нишон медиҳанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли заминҷунбӣ воқеъ ҳам бошад, имкониати рух додани заминларзаҳои болотар аз 7 бал ғайриимкон аст. Тамоми платформа омӯхта шудааст ва эҳтимолияти бисёр кам вуҷуд дорад, ки заминҷунбиҳои аз 7 бал болотар рух диҳанд. Вале аз сабаби ин ки Тоҷикистон як кишвари куҳсор аст, дар натиҷаи заминҷунбиҳо фаромадани ярҷ ва кандашавии куҳҳо ҳам мушоҳида мешавад. Аз ҷумла ҳодисаи Сарез ва Ҳоит аз ин қабиланд”, - гуфт ҷаноби Раҳимӣ.
Ӯ гуфт, ки баъди заминҷунбии мудҳиши Непал, баъзе олимони қирғиз гуфтаанд, ки эҳтимолияти сар задани чунин як заминҷунбӣ дар ҳудуди Қирғизистон вуҷуд дорад, вале мутаасифона ҳаминро бояд бигӯям, ки илми зилзилашиносии ҷаҳонӣ қодир нест, ки ба шакли дақиқ то ба охир доир ба ба вуҷуъ омадани заминларза пешакӣ хабардор шавад. Баъзе усулҳо вуҷуд доранд, метавонанд 48 соат пеш, 24 соат пеш ва баъзе усулҳои радиоактивӣ бо усулҳои радонӣ чанд соат пеш вобаста ба интнсивияти хориҷшавии радон заминҷунбиро пешгӯйӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |