Қабули нишони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо розигии Эмомалӣ Раҳмон
Бо розигии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нишони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар қабул гардидааст. Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, масъули Бахши таҳлилу иттилооти ин кумита рӯзи 9-уми июл ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ин тасмим зимни таклифу пешниҳоди як қатор ҷавонон оид ба таҳия намудани нишони кумита ҳангоми истифода дар баргузории силсилачорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишиву сайёҳӣ, гирифта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба он ки кумита масъули се соҳа - ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аст, нишон низ дар ҳамин замина омода гардида, дар он се соҳа шарҳ дода шудааст: “Аз ҷумла дар бахши ҷавонон дар маркази нишон нахуст рамзи ҷавонон инъикос ёфтааст, ки аз давлати ҷавон будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳад”.
Тибқи иттилои Навруз Қурбонов, дар бахши варзиш дар тарафи чапи нишон рамзи пойдорӣ, бардамӣ ва солимии миллат ва дар соҳаи саёҳӣ бошад, дар тарафи рости нишон, рамзи мероси бойи таъриху фарҳангӣ, анъанаҳои неку сулҳпарварона, забонҳои гуногун, фарҳангҳо ва таомҳои миллӣ, табиати нотакрор, обҳои шифобахшу куҳҳои осмобуси кишвар нишон дода шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |