Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир, ҳамзамон узви парлумони ин кишвар Алан Данкан ба Душанбе меояд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати Британияи Кабир иттилоъ доданд, боздиди ҷаноби Дункан 17-уми октябр шурӯъ гардида, мавсуф ду рӯз дар Тоҷикистон мемонад. Тайи ин сафар номбурда бо масъулини ҳукумати Тоҷӣкистон мулоқот карда, аз ҷануби кишвар дидан хоҳад кард.Гуфта мешавад, ҳадаф аз боздиди Дункан баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва тамдиди мӯҳлати тавофуқоти қаблан ҳосилшуда арзёбӣ мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр