Созиши генерал Раҳмоналӣ бо қирғизҳо: Аз силоҳ кор намегирем...
Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо Райимбердӣ Дуйшенбиев, сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар пайи тирпаронии ахир дар марзи ду кишвар, ки як сокини 18-солаи ҷамоати Чоркуҳ кушта шуд, мулоқот кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҷонибҳо дар ин вохурӣ ба қароре омадаанд, ки "назорат болои воҳидҳои хадамоти марзбонии ду кишвар пурзӯр карда шуда, аз истифодаи силоҳ алайҳи сокинони осоишта ва сарҳадбонон худдорӣ шавад".
Инчунин раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кардаанд, ки бояд ба таври ҳамешагӣ ба сарҳадбонон дарсҳои низомию ҷаласа ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди муқаррароти асосии ҳуҷҷатҳои дуҷониба миёни ду кишвар ва танзими амалиёти низомӣ дар ҳолатҳои низоъ гузаронида шавад.
Рӯзи 6 июли соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифта, дар натиҷа Боборизо Мирзоев, сокини 18-солаи ҷамоати Чоркуҳ кушта ва як марзбони тоҷик маҷруҳ шуд. Дар пайи ин ҳодиса Генералҳои тоҷик - Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Аъзам Қосимов, мушовири вазири мудофиаи кишвар барои таҳқиқи ҷузъиёти ҳалокати сокини 18-солаи ҷамоати Чоркуҳ ва ҷароҳати марзбони тоҷик аз тири марзбонҳои қирғиз озими ноҳияи Исфара шуданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии Қирғизистон чун одат дар чунин ҳолатҳо пешдастӣ карда, 6-уми июл, бо пахши як изҳорот ҷониби Тоҷикистонро дар ин қазия гунаҳкор карда, аммо дар мавриди як кушта иттилое надод.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |