Бахшҳо

Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ДИИШ ҳатто бо мурдаҳо меҷангад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони диаспора ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Бошқирдистон аз “душмани Ислом” будани гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ҳамеша дар фикри шаҳрвандони муҳоҷир будани худ гуфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти кишвар мулоқоти мазкур рӯзи чоршанбеи 8 июл баргузор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо намояндаи диаспора ва муҳоҷири меҳнатии тоҷик гуруҳи бо ном “Давлати Исломи”-ро хатарнок ва душмани ислом хонда, изҳор доштааст, он на танҳо бо зиндаҳо, балки бо мурдаҳо низ меҷангад ва даст ба хароб кардани қабрҳо мезанад. Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳур таъкид кардааст, ҷиноятҳои ваҳшатноки ин гуруҳи террористӣ, ки ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолону занону кӯдаконро қатл кардааст, гувоҳи он аст, ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ба ном “Давлати исломӣ” беобрӯ кардани Ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар бисёр мулоқоту суханрониҳояш ҳамеша изҳор медорад, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини Ислом ягон робита ё умумияте надорад, “зеро Ислом дини сулҳу салоҳ ва ойини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад. Хусусан, мазҳаби ҳанафии Ислом, ки мо пайрави он мебошем ва таълимоти асосгузори он - Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби мо мебошад, инсонҳоро ба таҳаммулгароӣ ва муросову мадоро даъват мекунад”.

Раисиҷумҳури кишвар афзуда, ҳеч каси соҳибақл ва солимфикру огоҳ ба таҷовузкорон ҳамроҳ намешавад, зеро аз ахбори ҳаррӯзае, ки тавассути шабакаҳои телевизионию интернетӣ пахш мегардад, аён аст, онҳое, ки худро “эҳёгари Исломи ноб” меноманд, душмани исломанд ва дастҳояшон ба хуни мусулмонон ва одамони бегуноҳ оғушта аст. Оқои Раҳмон бо такия ба маълумоти Созмони милали муттаҳид гуфтааст, имрӯзҳо дар сафҳои гуруҳи терррористии “Давлати исломӣ” ҳазорон нафар террористҳо тақрибан аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз кишварҳои пасошӯравӣ меҷанганд. Шумораи зиёди гумоштагонро шаҳрвандони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ташкил медиҳанд, ки дар миёни онҳо занҳо низ ҳастанд: “Ин ҳолат баёнгари маккориву ҳилагарии тарғиботчиён ва содагиву зудбоварии ҷавонон мебошад, ки ба доми фиреби террористҳо афтода, ба сӯи Ховари Миёна роҳ пеш гирифтаанд. Осори таърихӣ ва муҷассамаҳои бостоние, ки асрҳои зиёд побарҷо буданд, ҳоло ба хок яксон гаштаанд. Ин ҷинояткорон қасд доранд муқаддасоти зиёди исломиро низ хароб кунанд”.

Бино ба гуфтаи президенти кишвар, аз рӯи таҳлилҳои коршиносон гуруҳҳои тундрав дар бештар маврид дар миёни муҳоҷирон ва онҳое, ки аз муҳити хонавода дур афтодаанд, таблиғоти худро ба роҳ мемонанд, зеро ҷавононе, ки болои сарашон шахси маслиҳатдеҳ ва насиҳаткунанда надоранд, метавонанд ба осонӣ фирефтаи тарғиботи гуруҳҳои тундрав ва ифротгар шаванд: “Бинобар ин, шумо ҳамдиёрони азиз, ки ба кишвари дӯсту бародари Россия бо нияти неки бо меҳнати ҳалол таъмин кардани зиндагии осудаҳолонаи падару модар ва наздикону пайвандонатон омадаед, хуб меҳнат кунед, бо ҳамдиёрон тифоқ бошед, ҳамдигарро дастгирӣ намоед. Онҳое, ки калонсолу ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро ёд диҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони диаспораи тоҷик гуфтааст, “ҳар яки шумо бояд хислатҳои неку ҳамидаи миллиамонро минбаъд низ пос доред, ҷавононро аз роҳи бад гардонед, аз аҳли хонадон ва наздиконатон, ки дар Ватан ҳастанд, бехабар набошед ва доим дар фикри Ватан, ободии он болоравии обрӯи тоҷикон бошед”.

Дар идомаи суханронии худ, раисиҷумҳур дар хитоб ба муҳоҷирон гуфтааст, “ҳамеша дар фикри шумо ва интизори шумо ҳастем, тамоми саъю талоши худро ба он равона месозем, ки масъалаву мушкилоти кору фаъолият ва будубоши шуморо ҳаллу фасл кунем”.
Мӯҳр
Гариб
Э кош як мушкилоте хал мешуд.

Чаноби Оли гамхори шахрвандони кишвар мебошанд. Бояд ношукри накарда, барои пешрафти миллати точик хамакаса хизмат кунем. Амнияти давлатро таъмин намуда, ба хар гуна ташкилотхои террористиву экстремисти шомил нашавем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)