Суҳбати Э. Раҳмон бо Путин: Аз додани сабукиҳо ба муҳоҷирон то кӯмаки низомӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Уфа қарор дорад, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ин мулоқот зуҳри 8 июл сурат гирифта, дар он масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла расонидани кӯмаки низомии техникӣ ба артиши кишвару додани сабукиҳо ба муҳоқирони кории тоҷик ба баррасӣ гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Русия ёдовар шуда, зикр кардааст, ки “Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буд ва ҳаст, зеро қариб 50% сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба кишвари шумо рост меояд”. Инчунин ӯ таъкид кардааст, ки “ин нишондоди мусбӣ бояд натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки афзун гардад”.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар афзудааст, ки яке аз мавзуъҳои муҳимми баррасишуда дар ин вохурӣ “фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия буд”. Эмомалӣ Раҳмон аз иҷозаи дубораи вуруд гирифтани бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия, аз ҷумла донишҷӯён изҳори қаноат карда, низ таъкид кардааст, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад: “Дар робита ба ин мавзӯъ ба авфи муҳоҷирони корие, ки 2 ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, қонунигардонии будубоши онҳое, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ шумурда мешаванд ва соддагардонии тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дароз кардани муҳлати бақайдгирии донишҷӯёни тоҷик пас аз воридшавӣ ба ҳудуди ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд”.
Инчунин ибрози умедворӣ шудааст, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар идома изҳор доштааст, “барои Тоҷикистон муносибот бо Русия афзалияти хосу устувор дорад ва ин ҳолат дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвари мо таҳкими ҳуқуқӣ ёфтааст”.
Владимир Путин дар навбати худ ба рушди муносиботи Тоҷикистону Русия баҳои баланд дода, гуфтааст, дар соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо, ҷаҳон ва худи Русия, гардиши мол миёни ду кишвар 2,5% афзун гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |