Фирори ҷавони тоҷик баъди ҳомиладор кардани духтари 14-сола
Мақомоти пулиси вилояти Волгогради Русия ҷавони 21 солаи тоҷикро, ки як духтари 14-солаи мактабхонро ҳомиладор карда, фирор намудааст, мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор додаанд.
Ба иттилои Антон Кузмин, маъмури пулиси вилояти Волгоград, ин шаҳрванди Тоҷикистон бо духтари 14 сола дар ноҳияи Городишенко робитаи маҳрамона барпо менамояд, ки дар натиҷа духтари ноболиғ ҳомиладор мегардад. Ин маъмури пулис гуфтааст ҷавони тоҷик вақте мефаҳмад, ки духтар аз ӯ ҳомиладор шудааст фирор мекунад: “Падари духтар дар бораи ҳомиладории фарзандаш баъди он огоҳ гардидааст, ки алакай барои исқоти ҳамл дер шудааст. Мутаассифона духтари наврас ночор барвақт модар мешавад”.
Мақомоти пулиси Волгоград мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, кофтукоби ҷавони тоҷик идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |