Нақшаи Муродзода: Фасодкории як судя “сари чанд масъулро мехӯрад”...

Дустмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлия Тоҷикистон изҳороти Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасодро дар мавриди роҳ ёфтани бархе шахсони тасодуфӣ ба мақомоти судии кишварро таъйид карда, афзуд, тамоми имкониятҳоро ба кор мебарад, то сафи судяҳоро аз чунин афрод тоза намояд.
Муродзода, ки моҳе қабл раиси Шӯрои адлия таъин гардид, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ниҳоди зертобеяш тасмим гирифтааст, мубориза алайҳи фасодкориро дар мақомоти судӣ шиддат бахшад: “Минбаъд дар сурати ошкор гардидани ҳаракатҳои коррупсионӣ дар фаъолияти судяҳо, на танҳо масъалаи аз вазифа озод кардан судяҳо, балки дигар кормандони дастандаркор ба миён гузошта мешавад. Агар аз ҷониби кормандони дастгоҳҳои судҳо амалҳои коррупсионӣ вобаста ба парвандаҳо содир карда шавад, ҳамон судяе, ки бо ин кормандони дастгоҳи суд бевосита масъулу муваззафанду якҷоя фаъолият доранд, масъалаи аз вазифа сабукдӯш карданаш ба миён гузошта мешавад”.
Содиқ Шоҳназаров, мушовири калони раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ дар шарҳи изҳороти Рустами Эмомалӣ дар бораи судяҳои тасодуфӣ гуфт, ин ба онҳое рабт дорад, ки дар фаъолияти худ даст ба фасодкорӣ мезананд: “Ҳадаф роҳ надодани чунин ашхос ба вазифаҳои судӣ мебошад”.
Дӯстмурод Муродзодзода дар ин робита афзуд, ки барои интихоби кадрҳо дар системаи судии кишвар шитоб надоранд ва кушиш мекунанд то мутахассисони арзанда ҷалб шаванд. Ӯ иброз дошт, ки 390 судя дар судҳои кишвар фаъолият доранд ва феълан 37 ҷойи судяҳо холист: “Дар мавриди ба кор гирифтани кадрҳо шитоб намекунем, чунки мехоҳем шахсони арзанда ба маънои томаш барои таъмини адолати иҷтимоӣ, барои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолит карда тавонанд”.
Ин дар ҳолест, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 3-юми июл зимни як ҳамоиш дар Душанбе аз роҳбарони мақомоти судӣ хост ба пешниҳод ва таъини кадрҳои тасодуфӣ хотима бахшанд. Раиси Оҷонсии зидди фасод ҳолати номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе аз кормандони мақомоти судиро нигаронкунанда арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ин нафарон бо чунин амал эътибори мақомоти мазкурро коҳиш медиҳанд ва ба шаҳну шарафи кормандони ин сохтор иснод меоваранд: “Чор ҳолати содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ ошкор карда шуда, ки нисбат ба соли гузашта як ҳолат зиёд мебошад. Ҳар як судя бояд кушиш намояд худро дар ҷомеа доғдор насозад ва аз худ амалу кирдорҳои нек боқӣ гузорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |