Ёвари Путин: Дипломати тоҷик дабири кулли СҲШ таъин мешавад
Рашид Олимов, ки даҳ соли охир ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Чин фаъолият мекунад, дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Уфа дабири нави ин созмон таъин хоҳад шуд.
Дар ин бора Юрий Ушаков, ёфвари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия иттилоъ дода, афзудааст, ки 10-уми июл дар баробари таъини Рашид Олимов ба мақоми дабири кулли СҲШ инчунин баррасии 14 масоили дигар дар назар аст.
Дар назар аст, ки Рашид Олимов аз 1 январ дар ин мақом дабири кулли ҳозираи СҲШ, намояндаи Русия Дмитрий Мезентсевро иваз мекунад, ки аз моҳи июни соли 2012 дар ин мансаб фаъолият дорад. Созмони ҳамкории Шанхай 15-уми июни соли 2001 ташкил шуда, феълан Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Узбакистон узви он мебошанд. Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд.
Рашид Қутбуддинович Олимов, ки дабири нави ин созмон таъин мешавад, 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон(1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ (1990) мебошад. Ӯ аз солҳои 1991-1992 ба ҳайси мушовири президент ва аз моҳи декабри соли 1992 то охири соли 1994 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1994 то 2005 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз декабри соли 2005 то ҳол ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Чин фаъолият мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |