Қодиров ҷангҷӯёни ДИИШ-ро шайтонҳои Ғарб алайҳи мусулмонҳо хонд
Рамзан Қодиров, раиси ҷумҳурии Чеченистон созмони террористии маъруф ба ДИИШ-ро нақшаи тарҳрезинамудаи Ғарб барои сохтани як чеҳраи хашин аз пайравони дини Ислом хонд.
Ӯ дар суҳбат бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва руҳониёни Чеченистон гуфтааст, Ғарб барои дини бохушунату беназму низом нишон додани Ислом ДИИШ-ро ташкил кард: “Ин ҳама барои он равона гардида, ки гӯиё дини Ислом алоқаманди хушунату беназмӣ аст ва ин сиёсат барои дур кардани мардум аз Ислом роҳандозӣ шудааст”.
Раиси ҷумҳурии Чеченистон таъкид кардааст, ҳоло бо ин созмони террористӣ инситутҳои вижаи Ғарб кор мебаранду онҳоро сармоягузорӣ мекунанд ва иқдомҳои ҳангомаомезро пешниҳод мекунанд: “Бо ин шайтонҳо инситутҳои вижаи Ғарб кор мебараду онҳоро сармоягузорӣ мекунад”.
Ба гуфтаи Қодиров, созмони террористӣ будани ДИИШ-ро шеваи сангини ҷазо ва ҷалби ноболиғон ба куштору ҷангҳо аз сӯи ҷангҷӯёни он малум сохтааст: “Ба ҷуз террорист, аз онҳо боз чӣ ном гирифта мешавад?! Вақте ки кӯдаконро ба куштори одам ҷалб мекунанду духтарони 9-солаи ба гаравгирифтаро туҳфа медиҳанд. Онҳо коре мекунанд, ки на фақат як мусулмон, балки одами бехудо намекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |