Бахшҳо

Раиси нави “Сафина” дар бораи "рӯйхати сиёҳ", бозгашти Талабшоҳу Орзу ва афзоиши интиқод

Зевар Давлатзода, раиси навтаъини телевизиони “Сафина” имрӯз, 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, гузоришҳои интиқодӣ тавассути шабакаи зертобеаш зиёд хоҳанд шуд.

Хонум Давлатзода, ки охири моҳи июн раҳбари ТВ "Сафина” таъин гардид, афзуд, бо пахши барномаҳои интиқодӣ талош мекунанд, камбудиҳо дар ҷомеа ислоҳ шавад. Раиси навтаъин инчунин азм дорад, дар пешниҳоди хабарҳо низ тағйирот ворид кунад. Дар баробари ин Давлатзода вуҷуди "рӯйхати сиёҳ"-ро, ки гӯиё роҳи бархе аз овозхонҳою шахсиятҳои тоҷикро ба ин шабака бастааст, рад карда, афзуд, ки ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

Ӯ дар мавриди бозпас овардани ситораҳои собиқи ин шабака - Талабшоҳ Муқимов ва Орзу Исоев изҳор дошт, Исоев феълан ҳамкориро бо шабака оғоз кардааст. Давлатзода надоштани дипломи донишгоҳро барои Талабшоҳ Муқимов монеаи ҳамкорияш бо ин телевизион хонд.

Талабшоҳ Муқимов дар гузашта аз барандаҳои маъруфи “Сафина” буда, барномаҳои “Мумтоз”, “Паймон” ва чанди дигарро таҳия кардааст. Ӯ ҳамчунин дар соҳаи истеҳсоли филм низ фаъолият кардааст. “Беҳуда хорам мекунӣ” яке аз онҳост, ки ба интиқоди зиёди мунақидони синамо рӯбарӯ шуд.
Мӯҳр
Аз хонум Давлатзода пурсида шавад, ки чаро кормандони гариштатиро аз Сафина аз кор холи карданианд ва такдири хатмкардахои факултети журналистика ки чанд соли охир нештатний корманд дар ин муассиса буданд чи мешавад, диплом доранд ку?

ку-ку
Холи нафароне, ки аз "даст"-и Шумо аз Бахористон ба Сафина панох бурда буданд, баъди раиси Сафина таъйин шудани Шумо мешавад?

Равшан
Талабшоҳ Муқимов дар гузашта аз барандаҳои маъруфи “Сафина” буда wink ман агар баромади Талабшоро медидам телевизора мекуштам ЛЕКИН ба Орзу Исоев гап нест хакатан ЖУРНАЛИСТ аст анахомонро биёред ки сафиная тамошокадан интересна шавад

шр
орзу исоев баргардонед илтимос

Дустмурод
Талабшо журналист нест ва кино хам сохта наметавонад! Аммо Орзу Исоев хам журналисти хирфаи ва хам дар сохаи синамо диди хоси худро дорад. Бо баргаштанашон ба ТВС, мумкин аст мо хам ТВ тамошо намоем...

Мухлис
мо хонандагон мукобили барномахои твс нестем дар барномаи маликаи хушхиром ман хатогиро дар ровии барнома Орзу Исоев намебинам хаьои аз тарафи доварон содир шудааст "ман аз ракси шумо кайф накардам"гуфтан аз фарханг берун аст. Талабшо Мукимов ва Орзу Исоев хуб мешуд, ки боз корро идома диханд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)