Бахшҳо
07 июл 2015 16:56Тоҷикистон / Тема дня

Фирори маҳкумшуда барои қатлу сӯзондани зан бо "Кемрӣ"-и сардори зиндони Қӯрғонтеппа

Баҳрулло Шарифов, собиқ ҷангҷӯи мухолифин ва маҳкумшуда ба 23-соли зиндон нисфирӯзи 4-уми июл аз маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа бо истифода аз мошини “Кемрӣ”-и сардори ин зиндон фирор кардааст.

Ба иттилои манобеи “Озодагон” Шарифов дар гузашта дар ҳайати дастаи мусаллаҳи Саидмухтор Ёров яке аз қумандонҳои собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик даст ба ҷинояти роҳзанию гаравгонгирӣ задааст. Ӯ соли 2005 барои роҳзанӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2014 афв гардидааст ва ин дафъа баъди зиндонӣ шуданаш барои куштор дар бордон (багажник) –и мошини сардори маҳбаси Қӯрғонтеппа пинҳон шуда, фирор кардааст: “Маъмурини зиндон ӯро барои кор ба берун баровардаанд. Ӯ аз фурсат истифода бурда, маблағ ва калиди эҳтиётии мошини сардори зиндонро дуздида, нисфирӯзи 4-уми июл дар бордонаш пинҳон шудааст. Вақте мошини сардори зиндон аз қаламрави маҳбас берун шудааст, касе онро тафтиш накардааст. Маҳбус дар истгоҳи аввалин имкон ёфта, аз “багажник” берун шуда, ба шаҳри Ваҳдат назди хешутабораш рафтааст”.

Манбаъ афзуд, ки дар шаҳри Ваҳдат тасодуфан маҳбуси фирориро корманди ШКД-и маҳаллӣ дидааст, ки пештар барои куштор ӯро боздошт карда буд: “Вақте ин корманди ШКД дубора маҳбуси фирориро дастгир кард, дар худи зиндон ҳанӯз ҳам касе аз ҳодисаи фирор огоҳӣ надошт. Танҳо баъдан тафтиш карда, аз фирор огоҳ шудаанд. Шарифов феълан дар боздошт мебошад”.

Фирори Шарифов дар ҳолест, ки ӯ барои сӯзондани як зани 29-сола дар ноҳияи Ваҳдат маҳкум шуда буд. Тибқи иттилои ВКД Баҳруллои 31-сола 18 сентябри соли гузашта, аз ҳиссиёти авбошӣ Хосият Умарова, сокини 29-солаи Ваҳдатро ба тариқи буғӣ кардан ба қатл расонидааст: “Сипас ҷасадашро дар канори роҳ дар байни деҳаҳои Гургхурда ва Ширинбулоқи ноҳияи Ваҳдат сӯзонда дар чуқурии 5-6 метр гур мекунад.” Ҷасади урёни сӯхтаи ин зан 29-уми сентябр дарёфт шуда буд ва сарусадои зиёдеро ба бор овард.

Феълан гуфта мешавад, ки аз рӯи ҳодисаи фирори Шарифов додситонии вилояти Хатлон тафтишот бурда истодааст.

Мӯҳр
Mark
wink wink wink wink Зиндон не "гурездон"

илхоми
ээээ вой ба холи хамин гуна зиндону зиндонбонхои мо. Хамин баъзе кормандони сохаи кудратии мо бовар дорам, ки мабодо ягон хабар шунавад пеш аз мардум мегурезад ва бо белу кедман бурхурд хохад шуд. Яъне татбики амалии конун ба кулли ва ба таври чидди бехбудиро такозо мекунад.

Аброр
Канда занед ЗИНДОНБОНХО

Али
Корманди ШКД молодес! Корманди маҳбас-шарманда!

ман
худи кинохои Хинди борин, ина ягон режесёри Хиндустон бинад 1 милион долларба мехарад ))))) шармандаги

Кинои хиндиски шуд ку ин хабар

Ин хабар кинои хиндиски шуд ку

Шухи
Просто ин зиндони як ба пеши хешутабораш рафта хабар гирифтааст. Агар мехост гурезад пинхон мешуд просто як хабар гирифта дубора худро ба полис тсслим кард вай лекин ин полис барои гирифтани рутба вохима мекунад хатман ба ин полис як рутбаи калбаки медиханд

м
Агар махбус ба ш.Вахдат намерафт уро намеёфтанд.

Президент бояд Раиси зиндонхои чумхури - Зорроро аз кор озод кунад. Хайриддин Абдурахима аз кор гирифта буд ку... Ё ин чо боз айби Зорро нею, айби зиндони????

Афсона барои кудакон

беном
ай зиндони низомш пурзур ки махбус греза, кчо мо умеди дига зиндонхора кнем ки махбусо адом чазо карда истодиян. дар точикистон зиндони кургонтеппа ай хамма гызалашай (критияй)- кчо брем! шарманда.

беном,
и ба ком зуван нависти бесавод,

як сару сад хаëл
и ба фикрм бо сох,иби кемри договари хуб кадаги! таги коса нимкоса

самар
Вентворс Миллери точики ку

пользователь
нависондана ёд гирен,ба кадом лавз гап мезанен,ранги индейцен хамат

нависондана ёд гирен,ба кадом лавз гап мезанен,ранги индейцен хамат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)