Бахшҳо
06 июл 2015 16:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазир: Дигар ба ҳуқуқшиносу иқтисодчиҳо квота намедиҳем...

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд барои ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнат талабот надоранд, аз қабили ҳуқуқшиносӣ, молияю қарз ва баҳисобгирии бухгалтерӣ квотаҳои президентӣ дода намешавад.

Вазири маориф ва илми кишвар имрӯз, 6 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки минбаъд имтиёз ва квотаҳо барои итисосҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ зиёд аст, аз қабили, забони русӣ, англисӣ, физика, математика, география, биология ва мусиқӣ дода мешавад: “Имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 3 715 омӯзгори ихтисосманд намерасад, ки қисми зиёди он ба вилояти Суғд- 956 нафар, ВМКБ-163 нафар, вилояти Хатлон -777 нафар, шаҳри Душанбе 446 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1373 нафар рост меояд”.

Нуриддин Саид илова кард, феълан ҳастанд нафароне, ки бо маълумоти миёнаи касбӣ дар макотиб дарс мегӯянд: “Дар ду-се соли оянда ин мушкил бартараф хоҳад шуд, зеро мо ин нафаронро ба тадрис дар донишгоҳҳое, ки омӯзгор омода мекунанд, ҷалб мекунем”.

Ба гуфтаи вазир барои соли таҳсили 2015-2016 дар муассисаҳои олии таълимӣ, тибқи квотаи президентӣ 1 ҳазору 312 ҷой, аз ҷумла барои духтарон 678 ҷой ва барои писарон 634 ҷой ҷудо гардид, ки нисбати соли гузашта 21 адад зиёд мебошад.
Мӯҳр
Абугаранг
Бародаро имруз 6-ум аст охир...

мухтарам раис, оилаи ман муаллимаи забонхои немисиву англиси дар яке ба ном пешкадамтарини нест дар чахон. маошаш кариб ба ду бор бозор рафтану омадан. ягон хохиши муаллимаги дигар намондааст. сохиби дипломи сурх. барои чи? барои он ки дар мактабхо махалчиги дар дарачаи осмон. ва сол аз 12 мох, аз пушти талабахо каравул, аз ин майраму ид, то дигараш. боз мегуед ки ихтисос намерасад

дониёр
э хе писарони мансабдорон бе квота чи кор мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)