Ҷасади соҳибкори чиниро аз дарёи Сир пайдо карданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати як соҳибкори 27-солаи чинӣ дар пайи ғарқшавияш дар дарёи Сир хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти кумита, Лин Чанг, шаҳрванди 27-солаи Чин рӯзи 3 июл соати 19:00 ҳангоми моҳидорӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Сир, дар ҳудуди Қӯптулуқи ноҳияи Б.Ғафуров ғарқ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷасади ин шаҳрванди Чин аз сӯи Дастаи наҷотдиҳандагони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд баъд аз як рӯз, 4 июл соати 14:07 аз дарёи Сир дарёфт ва ба Шуъбаи умури дохилии Б.Ғафуров таслим гардид.
Ин шаҳрванди Чин ҳамчун соҳибкор дар бозори “Баракат”-и ноҳияи Б.Ғафуров фаъолият мекардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |