Ҳалокати ноболиғи 10-сола ва марди 40-сола дар садамаи нақлиётӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистгн аз ҳалокати ду нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, рӯзи чорми июл ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло”, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳр ба самти НОБ-и шаҳри Сарбанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарбачаи 10-соларо пахш намудааст: “Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ҳамон рӯз дар пайи сониҳаи дигар як сокини Панҷакент ҷон додааст. Тавре манбаъ мегӯяд, сарнишини сабукрави “ВАЗ-21099”, марди 27-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Чаннок”, дар ҳудуди мавзеи “Пасти-Сурх”-и ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷуйбори бетонии тарафи рости роҳ бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур марди 40-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |