Бахшҳо

Ваъдаи вазир ба Мамадносири 2,5-сола-ҷабрдидаи тибби тоҷик

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳазинаи табобати Мамадносири 2,5 соларо, ки дар пайи як ҷарроҳӣ дар шаҳри Душанбе бесабаб талхадонаш гирифта шуд, бар уҳда гирифтааст.

Дар ин бора Муҳайё Нозимова, яке аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар суҳбат бо “Озодагон” хабар дод. Ба гуфтаи Нозимова, ҷаноби Салимзода рӯзи 4 июл дар суҳбат бо онҳо гуфтааст, “ба Шумо сад фоиз кафолат медиҳам, ки пули табобати ин кӯдакро аз куҷое набошад, пайдо карда, ташхис ва табобаташро шахсан бар ӯҳда мегирам”.

Вазири тандурустии Тоҷикистон афзудааст, ки онҳо ҳуҷҷатҳои Мамадносирро ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия фиристодаанд, вале табибон бемории ӯро муайян карда натавонистаанд: “Беморие, ки Мамадносир гирифтор аст, муайян кардани он хеле мушкил аст, зеро чунин касалиҳо хеле каманд. Мо ҳуҷҷатҳои Мамадносирро дубора ба Маскав равон кардем, ҳоло интизори ҷавоби онҳоем. Дар ҳоли муайян кардани беморӣ маблағи табобати онро пурра ба ӯҳда мегирам”.

Қаблан, Гулнораи Зубайдулло, модари Мамадносири 2,5-сола дар суҳбат бо хабарнигорон аз хунукназарии бархе аз табибони тоҷик нисбат ба саломатии фарзанди худ шикоят карда, гуфт, табибон дар пайи як ҷарроҳӣ дар Душанбе талхадони Мамадносирро бесабаб гирифтаанд.

Дар пайи шикояти хонум Зубайддуло як гуруҳ аз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар субҳи 4 июл ба мулоқоти вазири тандурустии Тоҷикистон рафта, аз ин амали табибон ва саломатии наврас шадидан ибрози нигаронӣ карданд.
Мӯҳр
Хамин вазири тандурусти чанд сол боз вазир аст?

Шахрнишин
Худованд умру обруяшро дихад, сазовори хурмат ва эьтибор аст

Абдулло
Нодуруст табобат набояд пул дихат табибон ва вазир чавоб гуянд . сохаи тиби мо ооо - 00

Шикоят ба вазири тандурусти хело бисёр аст, чунки аксари табибон савдогар шудаанд. Хаёти инсон барои онхо хеч аст бо фирмахо кор мекунанд дорухои кимати фирмаро мефурушанд ва аз сари он пил мегиранд.
Як чанд ходисахои шударо ман гуфта мегузарам: Як бародар барои ташхис ба беморхонаи шахри Чкалов меравад ва ташхис мекунад баъд аз ташхис ба назди духтур-уролог рафта суол мекунад духтур акалан напурсида ба он дору медихат ва мегуяд, ки рафта аз дорухонаи Мадад харидори мекунед ин бародар ночор рафта доруро аз дорухонаи мазкур мепурсад ки гароии онхо 460 сомониро талаб мекунад мачбур ман бемор будаям гуфта онро мехарад ва табобат мекунат. Пас аз табобат боз рафта ташхис мекнад, ки ташхис акси хол аст (дар рафти табобат табиьон ба бемор гуфтаанд, ки индоруро ба шумо ки навист ин ба шумо фоида намеорат вай барои касалии шумо дору нанавиштас барои пул навиштас)

Ходисаи дигар: Духтарчаам 2 моха буд ба назди ортопед бурдам он пойхояш модарзод буромадаги хастан гуфта ба ренгин фиристод духтурхо чанмоха буданашро напурсида ренгин карданд боз гашта ба назди хамон духтур омадам он ба ман тавсия дод ки онро тез гипс мекунем ман бисёр гамгин шудам ва ба назди дигар духтур бурдам рахмат ба он духтур тифлакро дида гуфтанд бо масаж сихат мешавад мо 2 мох масаж кардем Худоро шукр сихат шуд ва духтур аз ман пурсиданд, ки рафта ренгинашро гирифта биёред. Ба назди духтури авла рафтам аз тарс ренгинро наметияд, чунки вай кудакро аз думохагиаш ренгин кард.

Ходисаи дигар: Духтарчаамро ба назди духтури оилавиамон бурдам ин тасп дорад гуён доруи бисёре навист ки бисёр гарон буд гап аз сари пулаш намеравад, лекин ягон даво набахшид. Хамин ходаса кариб 5-бор рухдод лекин ягон фоида накард баъд ман ба духтур гуфтам духтур ин 3-4 моха мебошад ин кадар дору медихед зиён намекунад вай газабнок шуда гуфт рафта дигарчоба табобат иред. Ман мачбур шуда боз тавсияи дорухои онро гира Рафта дорухои навиштаашро гирифтам ва ба хона омадам ва характеристикаи хамаи дорухоро кушода хондам, ки ду доруи нархаш гарон танхо барои кудакони синашон аз дусола боло ичозат будааст лекин ин духтур барои 3-4 моха тавсия додааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)