Парлумон номзади пешниҳодкардаи Ашраф Ғаниро рад кард
Маъсум Истонакзай, номзад ба мақоми вазирии дифои миллии Афғонистон натавонист, раъйи таъйиди парлумони ин кишварро ба даст оварад.
Маҷлиси намояндагони Афғонистон имрӯз дар нишасти расмӣ дар мавриди Маъсум Истонакзай, ки пеш аз ин ба унвони номзади вазири дифоъ аз сӯи раисиҷумҳури ин кишвар муариффӣ шуда буд, раъйгирӣ кард.
Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, дар ин нишаст 213 намояндаи маҷлис ҳозир буд ва қарор буд, ки Истонакзай 107 раъйро ба даст меовард, то 1+50 ороро пурра карда, ба курсии вазорат роҳ меёфт. Аммо, ин номзад ба вазирӣ танҳо 84 раъйи эътимодро ба даст овардааст.
Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон бо таъйиди ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки Маъсум Истонакзай натавонист мавриди таъйиди маҷлис қарор бигирад ва раиси ҷумҳур бояд дар зудтарин фурсат фарди дигареро ба ҳайси вазири дифоъ ба хотири касби раъйи эътимод муарифӣ кунад. Ба ин тартиб, раъйгирӣ дар мавриди интихоби вазири дифои Афғонистон ба давраи чаҳорум рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |